Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Чӣ хел?
  • Мегўянд ки Худозада бошу арвоҳзада не.
  • Мегўянд, мегўянд. Гапи бисёр ба як хар бор. Бо амри Худованд, бубин, ман чӣ қадар пул ёфтам. Мебинӣ, ки моҳе пас соҳиби хона ҳам шудам ва боз як мошини "Мерседес" ҳам мехарам.
  • Оқибаташ ба хайр шавад.
  • Ту ҳоло ҳам ба ман боварӣ надорӣ?
  • Надорам.
  • Чаро?
  • Чунки он пул, агар вафо мекард, ба соҳибаш мекард. Ба фикрам, баҳри вай ҳам он маблағро бод оварда ва чун вақту соаташ расид, он ҳамаро боди фано пас гирифт…
  • Не, он ҳамаро насиби ман кард.
  • Бо кадом нарх?
  • Дар ин ҷода касе аз ман домангир шуда наметавонад.
  • Маҳз ҳамин аст хатои ту.
    Вуҷуди Ёсуман ларзид. Ў ба симои хеш дар оинаи барқад чашм дўхт. Рангу рўйи хеш парида дид. Тарс кайҳо қалбашро фаро гирифта буд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ўро ҳамроҳи Мустафо Наим се маротиба дугонаи Гулноз Озода, ҳа Озода дида буд. Мустафо аз дур ҳам бошад, дугонаи ҳамсарашро баҳраш муаррифӣ намуда... Худо накардаву…
    Ёсуман гарданбанди тиллоии хешро, ки ин субҳ таваҷҷуҳи гурўҳе аз аҳли назарро бедор кард, кушода, пеши тахтаи оина гузошт, дарро аз дарун маҳкам карда, ҷисми ба қавле аз чашми бадон азияткашидаи хешро рўйи бистари мулоим партофта, чашмонашро пўшид. Бисёр мехост, ки симои дугонаи рақибашро пеши назар оварад, вале натавонист, чунки ҳар гоҳе ки ўро медид, нигоҳи хешро аз вай мегурезонд.
    Дуздию ғарӣ пушти саргини хар…
    Саргини хар чиро пинҳон мекунад?
    Ҳеҷ чизро…
    Озода. Охир ў ҳам зан аст, пас чаро дили дугонаи хеш ранҷур созад. Не, боварӣ дорам, ки дар ин бора ў ба дугонааш забон накушодааст. Рафту агар ў дар ин бора ба Гулноз сухане мегуфт, вай ҳамоно тарки хонаи падар мекард…
пешина
аз 527
навбатӣ