Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Дигар аз пайи қарзҳои банда нагард, ман агар тавониста бошам, ки замоне дасти ту гирам, имрўз муҳтоҷи дастгирии ту ҳастам, мефаҳмӣ?
  • То ҷон дар рамақ дорам ман ба хизматат тайёрам.
  • Ман бовар мекунам.
  • Марҳамат, як пиёла чой, - гўён Ҷамила ба пиёлае чой рехта ба сўйи меҳмон дароз кард.
    Ба чеҳраи ин ҷавонзани зебо нигариста, дафтари хотироти меҳмон варақгардон шуд. Боре шабона ў аз куҷое баргашта, дар пешайвони бино се ҷавонеро дид, ки духтаракро кашолакунон ба тарафи мошини рўйи роҳ бурданианд. Сараввал ӯ онҳоро огоҳ намуд, ки духтарро ба ҳолаш гузоранд, вале он се тан ҷавони аз дуди банг масту махмур духтарро сар дода, ба худи вай дарафтоданд. Духтар дид, ки чӣ тавр ҳамсоя дар як мижа задан он се нафарро болои замин “тахт зад.” Акнун, ки се авбош чун мурда болои замин мехобиданд, духтар метавонист аз он маҳал фирор кунад, вале ӯ ҳатто нияти аз он ҷо гурехтан накард. Маҳз ҳамин ҳолат Дороб Қамрро ба ҳайрат овард ва яке аз он ҷавононро, ки дар синну сол аз дигаронаш калонтар буд, аз гиребонаш гирифта, аз замин бардошт ва асрори ниҳони ҳамсоядухтарро пурсон шуд.
  • Ин лаънатӣ аз мо ҳазор доллар қарздор аст.
    -Инҳо рост мегўянд, ки қарздорӣ? - пурсид ў аз ҳамсоядухтар.
  • Рост мегўянд, - гуфт духтарак.
  • Пули инҳоро дар куҷо сарф намудӣ?
  • Пулро не, борро гум кард, борро мефаҳмед, - гуфт ҳамон ҷавоне, ки то кунун гиребонаш дар дасти ҳимоягари духтар буд.
    Чун ҳамон рўз худи Дороб Қамар низ амалиёти бобароре дошт, аз ҷайбаш ҳазор доллар бароварда, бо он се нафар ҳисобӣ намуд ва ба онҳо амр кард, ки дигар духтарро фаромўш намоянд, вагарна ў худаш бо онҳо сару кор хоҳад гирифт.
  • Хуб шудааст, амакҷон, хуб шудааст, - гўён он се нафар пулро гирифта, ба тарафи мошине, ки интизорашон буд, рафтанд ва лаҳзае пас мошин дар маҷрои нақлиёт даромада, аз назар пинҳон шуд.
пешина
аз 527
навбатӣ