Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Он чӣ бор буд? - оқибат ба тарафи духтар, ки ҳанўз лолу карахт буд, нигариста пурсид Дороб Қамар.
    Духтарак сар ба зер афканду ҷавобе нагуфт.
    Аёнро ба баёнаш ҳоҷат набуд ва мард фаҳмид, ки ҳамсоядухтар ба чӣ кор даст задаст.
  • Акнун ба хонаатон раву дигар ба чунин амал даст назан, фаҳмо?
  • Фаҳмо, вале ман намедонам, ки чӣ тавр қарзи шуморо баргардонам.
  • Дар қиссааш набош.
  • Чӣ хел?
  • Ҳамин хел одӣ.
  • Ҳазор далларро.
  • Чӣ фарқ дорад, ман аллакай онро фаромўш намудам, ту ҳам фаромўш намо.
    Ҷамила (ҳамсоядухтарро чунин ном буд) моҳе пас ба шавҳар баромад. Баъди ду сол шавҳараш аз рўйи шуниди Дороб Қамар ҳавои ишқи дигареро ба сар гирифта, аз хона баромада рафт. Суроғаи вайро бошад, модараш ба Дороб Қамар додааст, ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки модар ҳам аз некиҳои ҳамсоя огоҳ гардид. Акнун модари Ҷамила ҳам хонаҳояшро фурӯхта, ба қисмати дигари шаҳр рафтааст.
    Имрўз пеш аз ба тарабхонаи "Гули нор" рафтан ў дафтарчаи қайдҳояшро бо худ гирифт ва тайи ду соати интизории Сайф Насим онро варақгардон намуд. Чун номи Ҷамила ва суроғаи ўро дар дафтарчааш дид, қарор дод дар сурати ба ҳолати пинҳонкорӣ гузаштан аз он манзиле беҳтар нахоҳад ёфт ва акнун ба хулосае омад, ки дар интихоби манзил хато накардааст. Соҳибхона бошад, ўро аз ҳамаи балою офатҳо ҳифз хоҳад кард.
  • Чаро хомўшед? Нон шиканед, - меҳмонро аз байни андешаҳояш берун оварданӣ шуда гуфт Ҷамила.
  • Шаб дароз аст, - хандида гуфт меҳмон ва аз пиёлаи дар дасташ буда, ки шояд кайҳо чояш хунук шуда буд, як қулт чой нӯшида, пиёларо ба лаби дастархон монд ва даст ба нон бурд…
пешина
аз 527
навбатӣ