Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар долони кушоду барҳавои мактаб хонандагони синфҳои болоӣ байни хеш саволу ҷавоб доштанд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки чанд дақиқа пас "Викторинаи химиявӣ" оғоз мешуд. Хонандагони ғолибомадаро туҳфаҳои қиматбаҳо ҳам набошад, ҳамду санои устодон ва карсаки беминнати ҳамсабақон интизор буд.
- Наркоз чист?
- Аз куҷо донам, мо ин мавзуъро то кунун нагузоштаем, - аз надонистани саволи ҳамсинфаш каме ҳам озурдахотир гашта гуфт Дилбар.
- Рафту дар викторина ҳамин саволро диҳанд, чӣ кор мекунем, - оҳ кашида гуфт Бибноро, ки бо саволи бемавқеи хеш таъби дугонаашро озурда карда буд.
- Пас чӣ бояд кард? - пурсид Дилбар.
- Шояд аз муаллима пурсем.
- То оғози викторина боз чанд дақиқаи дигар мондааст?
- Панҷ дақиқа, - ба соати деворӣ нигариста гуфт Бибноро.
- Аллакай дер шуд, - оҳ кашида гуфт Дилбар.
Викторинаи химиявӣ оғоз шуд. Ба саволи ҳакамон толибилмон ҷавобҳои мушаххас доданд. Чанд нафар соҳиби ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ ҳам шуданд. Танҳо Дилбару Бибноро дар вақти саволу ҷавоб вокунише нишон надоданд. Аз натиҷаи викторина худи муаллимаи фанни химия ҳам қаноатманд буд, агар дар ҷамъбасти викторина толиба Бибнорои Аҳмад бо саволи ноҷойи хеш таъби устодашро хира намекард. - Як савол мумкин? - даст бардошта гуфт Бибноро.
- Чаро мумкин набудааст? - аз савол додани шогирдаш каме ҳам болидаруҳ гашта гуфт директори мактаб, ки дар викторина раиси шурои ҳакамон ҳисоб мешуд. Марҳамат чиро донистан мехоҳед?
- Ба наздикӣ дар ҳамсоякўчаи мо сўхтор ба амал омад.
Нафаре дар он ҷони хеш аз даст дод. Дирўз падарам, ки корманди авиатсияи санитарист, гуфт, ки сўхтор аз наркоз ба амал омадааст. Ман донистан мехостам, ки чӣ тавр аз наркоз сўхтор ба амал меояд. Формулаи химиявии онро донистан мехостам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор