Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ҳамааш ҳамин?
- Ҳамин, - гуфт толиба.
- Муаллима, сухан ба шумо, - ба тарфи муаллимаи фанни химия, ки ташкилкунандаи ҳамин бозии шавқовар буд, нигариста гуфт директор.
"Ба наздикӣ дар ҳамсоякўчаи мо…" аз шунидани ин суханон пеши чашмони муаллима сиёҳӣ зад, вале бо азобе худро ба даст гирифт. Ҳаминаш намерасид, ки ў асрори ниҳони хешро ошкор созад. Тайи ин муддат ў боре ҳам андеша накард, ки кор чунин ранг мегирад. Гумон дошт, ки худи сўхтор асрори ниҳонро низ сўхта хокистар кард ва хокистарро бод бурд, вале…
Толибае, ки ҳатто дар викторина ба ягон савол ҷавоб нагуфт, аз асрори он сўхтор донистан мехоҳад. Ў гуфт, ки дар “ҳамсоякўчаи мо”… Пас ў сокини кадом кўча аст, ё шояд дар дигар маҳалла низ чунин сўхтор рух додааст? Бубин, лаънатиро донистан мехостааст, ки аз наркоз чӣ тавр сўхтор ба амал меояд. Ё ў ягон чизро медонаду бо супориши касе бандаро рўйи об бароварданист?! Худоё! - Муаллима, сухан ба шумо, - боз такрор кард директор.
Ў назди тахтаи синфе, ки дар пешдолон ба мақсади гузаронидани викторинаи химиявӣ муваққатан овехта буданд, омад. "Худоё, худаш чӣ гап, наход ин ҳамааш бозии қисмат бошад, бозие, ки гуноҳи бандаро фош намудан мехоҳанд". Дунё дар назараш чарх зад ё замин ларзид, вале бо азобе худро ба даст гирифта пурсид:
-Формулаашро донистан мехостед ё… - Ё чӣ муаллима?
- Ё ҳамин хел маълумоти даҳонӣ гирифтаниед?
- Ё ҳарду муаллима, ё ҳар ду, - гуфт мудири қисми илмӣ, ки паҳлуи директор нишаста буд.
Муаллима бурро ба даст гирифта, дар тахтаи сиёҳ чунин навишт:
Спирти этил. Этил. Эфири диэтил /наркоз/.
С2Н5О Н+НО-С2Н5=С2Н5 - О - С2Н5 +Н2О
Дар ин муддате, ки ў рўй ба сўйи тахта гардонида буд, бо азобе дили аз ҳаяҷон ба туғён омодаи хешро таскин дода,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор