Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ниҳоят рўй ба тарафи аҳли толор оварду ба шарҳи навиштаҷоти хеш пардохт:
-Дар ин ҷо мо формулаи чӣ тавр истеҳсол намудани наркозро, ки дар забони кимиё онро эфири диэтил ҳам мегўянд, навиштем. Чӣ хеле ки шумо дар ин формула дида истодаед, дар натиҷаи якҷояшавӣ, дурусттараш, ҳангоми ба реаксия дохилшавии спирти этил бо спирти этил эфири диэтил ё худ наркоз ба вуҷуд меояд. Наркозро, ки қобилияти мадҳушкунӣ дорад, ҳангоми ҷарроҳии вазнин дар тиб истифода мебаранд. Ҳамчунин, эфири диэтил ё чӣ хеле ки гуфтем, наркоз, қобилияти аз гармӣ оташ гирифтанро ҳам дорад.
- Ба муаллима ягон саволи дигар ҳаст? - ба тарафи хонандагон нигариста пурсид директори мактаб.
Чун ҳама ба даҳон об гирифтанд, директор ба муаллима изҳори ташаккур намуда, викторинаро пўшида эълон намуд.
Шояд бахташ баландӣ карду дигар касе савол надод, вагарна Худо медонад, ки чӣ мешуд. Муаллима ҳамоно пеши тахтаи синф рост меистод. Дар назараш чунин менамуд, ки агар қадаме гузорад, пойҳояш ба худаш итоат нахоҳанд кард. Ҳис намуд, ки баданаш арақи сард бароварда истодааст. "Ба наздикӣ дар ҳамсоякўчаи мо…" Гуё духтар, ҳамон толи шаттоҳ, бо сухан не, балки тири фалахмонро дар қалбаш ҷо намуда буд.
Хайрият викторина баъди анҷоми дарс сурат гирифт ва баъди суханони директор ҳамаи онҳое, ки дар толор буданд, ба чизе аҳамият надодаву ба сўйи дари баромадгоҳ шитофтанд. Директору дигар аъзои гурўҳи ҳакамон ҳам рафтанд. Вақте ба худ омад, худро дар он долони васею барҳаво, ки дар ҳолатҳои зарурӣ вазифаи толорро иҷро мекард, назди он тахтаи синф яккаву танҳо дид.
Ба атроф чашм дўхта, он формулаеро дид, ки боиси ин ҳама парешонхотирҳояш гашта буд…
“Дуруст гуфтӣ, ки эфири диэтил ё худ наркоз қобилияти аз гармӣ оташ гирифтанро ҳам дорад, ҳар он чӣ ки гуфтӣ таҷрибаю рўзгори хеш гуфтӣ,” - нидо омад аз қалбаш.
Хост муқобилият намояд, вале чашмаш ба навиштаҷоти зебои девор афтид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор