Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
...Ки баҳри дафъи ҳаводис, - қариб ки нимшунаво гуфт вай ва ба сўйи дари баромадгоҳ равон шуд. Шамоли сарде сару рўяшро сила намуда, кокулони зебояшро, ки тамоми тахтапўшташро пӯшонида буд, каме ҳам бошад алвонҷ дод.
Муаллима акнун ба худ омад. Дар саҳни мактаб гурўҳи хурдсолони ба басти дуюм омода гўш ба қимор нишаста, занги даромадро интизорӣ доштанд, вале муаллимаро бо онҳо сару коре набуд. Системаи даврии Менделеев баҳри онҳоест, ки каму беш аз илм бохабаранд ва то он рўзе, ки гурўҳи дар интизори занг буда ба омўзиши фанни химия шавқу завқ пайдо мекарданд, фарсахҳо роҳ буд…
"Дар ҳамсоякўчаи мо сўхтор ба амал омад, ки нафаре дар он ҷо ҷони хеш аз даст дод" - боз ба ёд овард саволи Бибнорои Аҳмадро ва дилаш таҳ кашид. Чаро маҳз ўро ҳамин савол ба риққат овардааст? Рафту касе бандаро дар он ҳамсоякўча ҳамроҳи Мустафо дида бошад - чӣ?
“Ҳар кор шуданаш мумкин, - шунид ў овози қалби хеш.

  • Гумон намекунам, ки касе аз шогирдон маро дар он маҳалла дида бошад?
  • Аз девори каҷ ҳазар.
  • Девори каҷ гуфта киро дар назар доред?
  • Ту барои онҳо девори каҷ будӣ ва акнун онҳо барои худат девори каҷанд.
  • Пас ман чӣ кунам?
  • Аз онҳо халос шав.
  • Чӣ хел?
  • Тариқи кимиё. Кимиё бузург аст ва бузургии онро худат дар рӯзгор собит намудаву с лар шудӣ. Буд, нест, тамом вассалом, ҷони худат ҳам халос…” Вуҷуди духтар биларзид, охир шайтони алайҳилаъна маслиҳатгари ў шудан мехост.
    “Астағфурилоҳ, астағфурилоҳ, астағфурилоҳ…”
  • Бо такрори ҳамин суханон ба даҳони шайтони малъун санг зад ва афсўс хўрд, ки чаро ҳамон вақте ки қасд ба ҷони Мустафо Наим намуд, ҳамин калимаро ба забон наовард…
    *** Баъди бозгашт аз Файзбор ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ рост ба хона оамд, ҳарчанд метавонист сари қадам ба милиса даромада, аз каму беши ҳодисаҳои тайи се рўзи охир ба амаломада воқиф гардад.
пешина
аз 527
навбатӣ