Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳамаи инро сабаб он буд, ки капитани милиса ба эҳсосот дода шуда буд. Ў, ки солиёни зиёде бо олами ҷиноӣ даст ба гиребон буд, аз дигарон бештар мефаҳмид, ки эҳсосот чист.
- Эҳсосот то кунун касеро ба роҳи рост ҳидоят накардааст ва фурў нишондани он фарз аст, - ба ёд овард ў суханони бобояшро. Дар тамоми роҳи аз Файзобод то ба шаҳр омадан номе, ки таҳти рақами 43 дар дафтари қайдҳояш сабт гашта буд, ўро ором нагузошт, ки нагузошт. Ҳамин ҳолат сабаб шуду баъди гузаштан аз паҳлуи мақбараи ҳазрати Ёқуби Чархӣ қарор дод, ки дар чунин вазъ ба хона рафтан беҳтар аст.
Дарро ба рўяш Расул кушод ва “Дадаҷонам омаданд!”- гӯён худро ба оғўши падар андохт. - Дигарон канӣ?
- Ҳама дар меҳмонхона, - хабар дод Расул.
Сорбони Ҳомид вориди меҳмонхона шуд. Дар гирди дастархон хешу ақрабо гирд омада буданд. Садри маҳфил холаи Арўсмо буд. Чашмони аз гиря варамкардаи холааш, ки тайи чанд соли охир аз касалии қанд азият мекашид, аҳволи ўро табоҳтар намуда буд. - Канӣ, биё бачаҷонам, ҷонам шавӣ, бибиатро ҳам гусел кардию маро набурдӣ, - гўён холаи Арсўмо, ки ҳамон шабу рўзи аз олам гузаштани бибиаш дар беморхона буд, гардани ўро ба оғўш гирифта хуб ашк рехт. Дар чашмони ў низ ашк ҳалқа зад. Малика - духтари холаи Арўсмо баҳри холаи роҳдураш хеле гиря кард. Новобаста аз он ки холаи Арўсмо ҳамроҳи бибиаш аз як пистон шир хўрда буданд, вале ҳамеша ўро хола мегуфт. Охир модари Арўсмо холаи Мушкиявшон - апаи калонии бибиаш буд ва ў хоҳари дар яксолагӣ аз модар сағирамондаашро ҳамроҳи духтараш Арўсмо шири сина дода буд…
Сари субҳ, дар ҳоле ки холаи Арўсмо болои ҷойнамоз зикри Оллоҳтаъоло мегуфт, ў аз хона баромад. Тамоми шаб мижа таҳ накард ва рақами он мошини ГАЗ - 2410 пеши назараш буд: 94 - 61.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор