Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ба ёд гирифтани рақамҳо ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ қобилияти махсус дошт ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки ў рақами заруриро аз нигоҳи таърихӣ медид. Дар ҳолати дирўза низ рақамҳо чун худи рақами 43 аз ғалбери таърих гузаштанд. Адади 94 ин ифодагари соле буд, ки сарқонуни давлати соҳибистиқлоли тоҷик дар райъдиҳии умумихалқӣ қабул шуд. Рақами 61 ҳам аз нигоҳи таърих рақами бобарор буд. Маҳз дар худи ҳамин сол рўзи 1 май, замоне ки дар Майдони Сурх паради ҳарбӣ мегузашт, тайёраи ҳарбии америкоӣ дар баландии бист ҳазор метр дар минтақаи Свердлови Федератсияи Русия, ки мо низ шомили давлати бузурге бо номи СССР - будем, зада афтонда шуд. Садрнишини тайёра лётчики америкоӣ Пауэрс, ки тариқи парашют ҷон ба саломат бурд, асир гирфта шуд.
Баъдтар СССР Пауэрсро бо разведчики советӣ Абэл иваз намуд…
Вале инҷо гап сари дигар масъала мерафт. Сорбони Ҳомид донистан мехост, ки мошини мазкур, ки ронандааш Наимов М. будааст, бо он нафаре, ки дар кўчаи Сурхоб ҳангоми сўхтор ҷони хеш аз даст додааст, чӣ пайвастагие дорад? Ҳарчанд боварии кулл ба анҷоми неки ин ҳодиса надошт, вале нуре як гўшаи дилашро рӯшан мекард. Сабаби ҳамаи инро Сорбони Ҳомид дар пайвастагӣ бо ҳарака он ду нафаре, ки бо дипломати сиёҳ аз ҷой ҳодиса фирор намуда, ки писарбача Қодири Ашўр дар мавзеи Дударгӣ дида буд, ба муқоиса гузошт. Агар тафтишот то кунун қасд ба ҷони Мустафо Наимро аз дигар паҳлуҳо нигоҳ мекард, акнун вақти он расида буд, ки сабаби аслии ба чунин амал даст задани шахсеро, ки қасд ба ҷони Мустафо Наим намуда буд, дарёбад.
Ба чунин амал зан ҳам даст зада метавонист ва акнун тафтишот як маҷрои муайянро мегирифт, агар дар ҳақиқат ронандаи мошини рақами 94 - 61 ҳамон Мустафо Наим мебуд. Дар он сурат танҳо занро ҷустан лозим меомад, чунки танҳо зан ҳамсафари ронанда буд ва Қодири Ашўр онҳоро дидааст.
Ба хотири дурусттар рӯшанӣ андохтан ба рафти ҳодисаҳо капитани милиса Сорбони Ҳомид сараввал ба автобазаи рақами 3 - и вазорати нақлиёт, ки нақлиёти мусофиркаш, аз

пешина
аз 527
навбатӣ