Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ҷумла таксиҳо, шомили ҳамин автобаза буданд, рафта, бо як савол ба мутасаддиёни он муроҷиат намуд:
- Оё дар автобаза мошине бо рақами давлатии 94 - 61 ҳаст, агар бошад ронандаи он кист?
-Чунин мошин ҳаст, - гуфт диспетчер, вале ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз омадани шумо аз автобаза баромад.
Ронандааш Мирзо Каримов. - Чанд вақт боз Каримов мошини мазурро идора мекунад?- қариб умедашро канда пурсид Сорбони Ҳомид.
- Расо як ҳафта шуд.
- То ба Каримов супурдани мошин онро кӣ идора мекард?
- Акнун, вай ронандаашро ёфтанатон ба гумон.
- Чӣ хел?
- Он кас дар натиҷаи сўхтор ба ҳалокат расиданд. Илоҳо руҳашон шоду манзили охираташон обод бошад! - даст ба рўй кашида гуфт диспетчер.
- Ному насабашон?
- Наимов Мустафо.
- Доираи сайрхати Наимов чӣ хел буд?
- Аслан дар варақаи сайрхат ба тамоми манотиқи ҷумҳурӣ навишта мешавад. Ба кадом самт рафтанро худи ронанда аз рўйи вазъи ба амал омада ҳаллу фасл менамояд.
- Дар бораи собиқ ронанда чӣ гуфта метавонед?
- Инсони нағз буданд.
- Дар бораи вазъи оилавиаш чӣ?
- Қариб ки ҳеҷ чиз.
Сорбони Ҳомид бо диспетчери автобаза худоҳофизӣ намуда, баъди ним соат ба идораи милиса омад. Ҳарчанд то оғози кор қариб як соат вақт буд, баробари диданаш навбатдор ўро ҳушдор сохт, ки сардор вайро дидан мехоҳад.
-Сардор аз куҷо медонад, ки ман аз сафари хизматӣ баргаштам? - Намедонам, ба виҷдонам қасам намедонам. Ҳамид Ҷовид амр намуд ва банда амрашро ба гўши шумо расондам.
Дигар ихтиёр шуморост.
Сорбони Ҳомид бо нияте ба кор омада буд, ки то оғози кор баъзе ҳуҷҷатҳоро санҷида, нуқтаи назари хешро дар бораи ҳодисаҳои рўзҳои охир ба таври расмӣ дар гузоришаш дарҷ намуда, тариқи котибот ба сардори милиса пешниҳод намояд, вале хабари навбатдор ўро сари дуроҳа монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор