Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҷуз рафтан ба назди сардор дигар чорае намонда буд. Ў ҳатто ба дафтари кориаш, ки дар ошёнаи дуюми бино воқеъ буд, набаромада, дар ошёнаи якум тарафи дасти рост тоб хўрда, лаҳзае пас рухсат пурсиду вориди дафтари кории Ҳамид Ҷовид шуд.

  • Марҳамат, гузаред, - баъди салому алейк курсиеро нишон дода гуфт сардор.
    Сорбони Ҳомид ба курсӣ нишаста, нигоҳашро ба тарафи сардор дўхт.
  • Рафиқ капитан, гўед, ки мо ба ягон чиз умед баста метавонем?
  • Албатта.
  • Тарзе гап мезанед, ки гўё дар куҷо панаҳ бурдани Дороб Қамар ва ҳаммаслаконашро муайян намудаед.
  • Дар ин бора ман ягон маълумоте ба даст оварда натавонистам, вале аз рўйи номаи то ба сафари хизматӣ рафтанам ҳаминро гуфтаниам, ки Дарвеши Мўсо айнан худи Дороб Қамар аст.
  • Ҳамааш ҳамин?
  • Не.
  • Боз чӣ?
  • Ду парвандаи ҷиноиро якҷоя намуданамон лозим.
  • Боз ягон ҳодисаи дигар ҳам рух дод?
  • Тайи ин се шабонарўзе, ки банда дар сафари хизматӣ будам, ба чунин хулоса омадам, ки ҳодисаи сӯхтор дар кӯчаи Сурхоб бо парвандаи дар асоси аризаи Хушдил Одил оғознамуда дар пайвастагӣ қарор дорад.
  • Ҳодисаи сўхтор дар кўчаи Сурхоб?
  • Бале.
  • Чӣ тавр метавонад, байни сўхтор ва ба гаравгонгирӣ пайвастагие бошад?
    Сорбони Ҳомид сардори милисаро ба рафти ҳодисаҳо шинос намуд.
  • Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, маркази ҳамаи ҳодисаҳо ҳамон сангчархи мавзеи Дударгӣ аст?
пешина
аз 527
навбатӣ