Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Бале. Ман худам бо писарбача Қодири Ашўр вохўрдам, ҳатто сабти овозашро ҳам овардаам, вале афсўс ки ин субҳ аз хона баромадаму онро фаромўш намудам.
- Боке нест.
- Ман аминам, ки агар мо расми Мустафо Наимро ба он писарбача нишон диҳем, вай ўро хоҳад шинохт.
- Расми он занро аз куҷо ёбем?
- Дар мадди аввал мо ҳамроҳи расми Мустафо фотороботи ҳамон занро барои шиносоӣ пешкаш хоҳем намуд, ки дар асоси нишондоди Озодаи Шафоат аксбардорӣ шудааст.
- Ҳамаи инро ба таври расмӣ гузаронидан лозим.
- Ин амал ягон душворие надорад.
- Боз як маротибаи дигар ба Файзбор рафтанатон лозим меояд.
- Боке нест.
- Вале ин даъфа танҳо не. Ба фикрам, бе муфаттиш ба он ҷо рафтан маъное надорад.
- Боз беҳтар.
- Шумо гуфтед, ки ҳамон писарбача… номаш чӣ буд?
- Қодири Ашўр.
- Ҳа, Қодири Ашўр, расми Дарвеши Мўсоро нашинохтааст, ҳама шинохтанду вай не, пас куҷост кафолат, ки вай расми Мустафо Наимро шиносад?
- Агар дар ҳақиқат ҳамон марде, ки дар даст дипломат ҳамроҳи зане, ки то кунун мо дар борааш маълумоте надорем Мустафо Наим бошад, писарбача вайро хоҳад шинохт. Охир мо ба вай як расмро нишон намедиҳем - ку.
- Баҳри беҳбудии кор панҷ ё ҳафт расмро ба ў пешкаш намудан лозим.
- Албатта.
- Боварии кас намеояд, ки маҳаки асосии ҳамаи ҳодисаҳо маркази сангчарх бошад.
- Далелҳо шаҳодатдиҳандаи ҳамин ақидаанд.
- Мегўянд, ки ҳафт бор чен куну як бор бур. Биё, беҳтараш боз як маротиба факту рақамҳоро пайи ҳам мегузорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор