Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо ҳар кадоме қаламу қоғаз гирифта, аз пайи ҷо ба ҷо гузории факту рақамҳо шуданд.
а). Сўхтор дар кўчаи Сурхоб, ки нафаре ба ҳалокат расидааст: соати 04.22 дақиқаи рўзи 6 октябр; б). Сангчарх дар мавзеи Дударгии ноҳияи Файзбор: рўзи
23 сентябр; в). Ба гарав гирифтани писарбача Шерзоди Хушдил: рўзи
14 октябр; г). Сафари Дарвеш Мўсо ба ноҳияи Файзбор: рўзи 13 октябр.

  • Ҳамаи ин факту рақамҳоро ба тартиб дароварданамон лозим меояд. Дар ин ҷода моро лозим аст, ки ҳодисаҳоро на аз рўйи таърихи дар милиса ба қайд гирифтанашон, балки аз рўзи ба вуқўъ пайвастанашон ҷо ба ҷо намоем. Шумо ба ҳамин фикри банда розиед? - пурсид Ҳамид Ҷовид.
  • Розӣ.
  • Набошад аз рўйи таърихи ба вуқўъ пайвастани ҳодисаи сангчархи мавзеи Дударгиро ба ҷойи аввал мебарорем. Маҳз дар таърихи 23 сентябр соатҳои панҷ ё шаши субҳ писарбачаи фирорӣ баъди ҳодисаи сангчарх марду занеро, ки дар дасташон дипломати сиёҳ доштанду сипас ба таксие нишаста, ба тарафи шаҳр ҳаракат намуданд, дидааст. Аз рўйи далелҳои дирўз ба даст овардаи шумо бошад, соати 08.13 дақиқаи ҳамон рўз мошини ГАЗ - 2410 таҳти рақами 94 - 61 ронандааш Наимов М. дар дидбонгоҳи БДА ноҳияи Файзобод, ки ба самти шаҳр ҳаракат доштааст, ба қайд гирифта шудааст. Ин субҳ шумо муайян намудед, ки мошини мазкур дар ҳақиқат таксӣ буда, ба автобазаи рақами 3 - и вазорати нақлиёт тааллуқ доштааст, ронандааш дар ҳамон давра Наимов М. Аз ин бармеояд, нишондоди ноболиғ Қодири Ашўр дуруст аст.
    Баъди ду ҳафтаи ин ҳодиса дар кўчаи Сурхоб хонае дар иҳотаи оташ мемонад. Капитани хизмати дохилӣ Нишон Ҳамроев ҳамоно хулоса мебарорад, ки сўхторро ташкил кардаанд. Аммо гурўҳи фаврӣ хулосаи ўро рад менамоянд.
    Рўзи 12 октябр бо амри Дороб Қамар шербачаҳояш ҳамнабарди хеш Хушдил Одилро дар ҳодисаи гум шудани ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ, ки дар дохили дипломати сиёҳ гўйё онҳоро ба Сайёд Ватан дода бошад, гумонбар дониста, адабашро доданд.
пешина
аз 527
навбатӣ