Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзи 13 октябр Дороб Қамар ё худ Дарвеш Мўсо ба ноҳияи Файзбор ба ҷустуҷўи он дипломат рафтааст. Рўзи 14 октябр бошад, шербачаҳояш писарбачаи 6- сола Шерзоди Хушдилро ба гарав гирифтанд. Аз ин ҳодиса Дороб Қамар огоҳ гашта, пеш аз муҳлат аз сафар баргаштааст ва дар нимаи дуюми рўзи 15 октябр, ба фикрам, бо супориши худи вай, писарбачаи ба гаравгирифтаро озод намуданд. Амалиёти мо бошад, бе натиҷа анҷомид ва акнун намедонем, ки Дороб Қамару ҳаммаслаконаш дар куҷо панаҳ бурдаанд? Ҳамчунин, мо то кунун намедонем, ки кӣ қасд ба ҷони Мустафо Наим намудааст? Мо танҳо умед бар он мебандем, ки Қодири Ашўр симои зане, ки дар асоси нишондоди Озодаи Шафоат аксаш рўйи варақ омадааст, мешиносад, дар акси ҳол, мо ин нўги гиреҳро дар ин самт ҳам аз даст хоҳем дод.
Хеле хуб мешуд, ки шумо дар бораи сафари хизматиатон ба ноҳияи Файзбор гузориши муфассале менавиштед. Ҳа, дарвоқеъ мо бояд ному насаби мусофире, ки паҳлуи ронанда нишаста будааст, муайян намоем.


Бахт аслан ба рўйи Ҷамила нахандид. Дар замоне ки ў худро чун зан нияти шинохтан дошт, падарашро, ки муаллими калони Донишгоҳи омўзгорӣ буд, ба ҳабс гирифтанд. Охирҳои солҳои ҳафтодум ва аввали солҳои ҳаштодуми садаи бист фаъолияти КГБ дар мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ хеле пеш рафт. Кас фаъолияти КГБ-ро дар он шабу рўз дида ангушти ҳайрат мегазид. Магар баъди солҳои 37-ум КГБ дуюмбора мақоми аз дастрафтаи хешро баргардонидан мехост? Дар ҳама ҷо кормандони он дар мавзуи бехатарии сиёсӣ баромад намуда, мардумро аз туфони наҳсе огоҳ месохтанд. Дар арсаи сиёсати берунӣ КГБ дастоварде дошт ё не, касе намедонист, чунки он давра ҳама сирри махфӣ буд, вале мубориза дар фронти дохилӣ назаррас менамуд. Ҳамарўза як ё ду муаллими мактабҳои олӣ ва ё техникумҳоро барои ришваситониашон ба ҳабс мегирифтанд.
Падари Ҷамила низ аз ин маъракаи пешгирифтаи КГБ дар канор намонд. Рўзе донишҷўе ба хонаи онҳо як мурғи марҷони кушташуда ва ду харбуза овард. Харбузаҳо ҳам харбуза буданд.

пешина
аз 527
навбатӣ