Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар он лаҳзаҳо касе ба гўшаи хотир наовард, ки ин ҳама маҳсули тайёрнамудаи идораи бехатарии давлат аст. Баъди ним соати рафтани донишҷў ва ба хона баргаштани падар, ҳомиёни тартиботи сиёсии давлат дар фронти дохилӣ ба ҳуҷум гузашта, муаллими порагирро бо далелҳои шайъӣ дастгир намуданд. Дар ҳузури шоҳидон, ҳатто он ними харбузаи хӯрдашударо низ чун далели шайъӣ гирифтанд. Рўзи сиёҳе ба сари хонадон омад…
Онҳое, ки эҳтимол дар сиёсати берунии давлат дастоварде надоштанд, дар фронти дохилӣ дуздро дар обмурӣ дастгир намудаву бо ин амали хеш давлатро аз балои ногаҳонӣ эмин доштанд?
Ба ҳамаи ин дарду алам тоб наоварда, модари Ҷамила ба касалии сил гирифтор шуд. Акнун хӯронидани як хона додару хоҳар ба души фарзанди калонии хонадон Ҷамила афтод. Дар ҳоле ки падар дар маҳбас нишаставу модар дар беморхона хоб, чанд тан додару хоҳаракони хурдсол нигоҳи беғаши хешро ба ў дӯхтанд. То рўзе хун дар рагҳои Ҷамила ҷорист, он нигоҳҳои имдодҷўёна аз маддии назараш дур нахоҳанд шуд. Дар он шабу рўз Ҷамила нав дувоздаҳро пур кардаву ба сенздаҳ қадам мегузошт. Рафту агар оилаашон аз ин балову офатҳо эмин мемонд, кӣ медонад ў ҳоло кию чикора буд?
Толибаи пешқадам буд. Баъди ба ҳабс гирифтани падар нигоҳи мардум нисбати онҳо дигар шуд. Онҳое, ки замоне ба аҳли ин хонадон назари нек доштанд, акнун сӯяшон бо нафрату тамасхур менигаристанд ва ҳамааш шуда аз рўйи як мурғи марҷону ду харбуза…
Падараш ҳамон шабу рўз рўйирост иқрор шуд, ки аз мурдани хеш хабар дораду аз чизҳои ба хонааш бурдаи он донишҷў не, вале касе суханони муаллими калонро дар ҳамон вақт ба як тангаи пуч нахарид. Дар замоне, ки духтар акнун худро нияти шинохтан дошт, бори вазнини зиндагӣ ўро буғӣ кард. Ҷамила баъди шаш соли хониш мактабро партофт. Чун хонаву дари онҳо аз рўйи "қонун" мусодира карда шуда буд, бо мадади хешовандон онҳо дар хонаи тағояш, ки тайи чанд сол касе дар онҳо зиндагӣ намекард ва тағояш ҳам то калон шудани якаписараш Нозим ба он хона эҳтиёҷе надошт, кўч бастанд. Маҳз ҳамин ҳолат онҳоро аз нигоҳи бади атрофиён эмин дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор