Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар маҳаллаи нав бошад, касе аз гузаштаи онҳо хабар надошт. Рост гуфтанд, ки гурусна бо шер задаст ва маҳаллаи нав ҳам ба дарди онҳо малҳам нашуд. Чашмони имдодҷўёнаи додару хоҳараконаш Ҷамиларо баҳри талош дар зиндагӣ ҳидоят намуданд…
Чанд муддат ў дар чойхонаю ошхонаҳои наздиктарин ба кормандони онҳо ёрӣ дода, бегоҳиҳо баҳри онҳое, ки тамоми рўз роҳашро мепоистанд, қутти лоямуте меовард…
Боре зане ўро дар ошхона дида гуфт, ки беҳуда умри хешро бо косаю табақ шустан зоеъ накунад.
- Ман ба ин кор аз хурсандиам даст назадаам, хола.
- Медонам ва мехоҳам, ки ба ту ёрӣ диҳам.
- Чӣ хел?
- Ана ин суроғаи ман, - коғазеро ба дасти вай дода гуфт зан, - бегоҳ ба хона биё, ҳамаашро мефаҳмӣ. Ҳастанд нафароне, ки дар як шаб хизмати худатро чунон қадр намоянд, ки тайи як соли косашўият чунин маблағро нагирӣ.
- Не, ман шаб омада наметавонам, додару хоҳараконам дар хона танҳо.
- Боке нест, ту метавонӣ рўз ҳам биёӣ.
- Холаҷон, ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки он чӣ хизматест, ки шумо ба души банда гузоштаниед, рафту ман аз уҳдааш набароям - чӣ?
- Аз қаду қоматат маълум, ки аз уҳдааш мебароӣ. Исто, ки ту ба чанд даромадаӣ?
- Дувоздаҳро пур кардам, холаҷон.
- Дар чунин синну сол бибию бибикалонҳои мо шавҳар доштанд, ту бошӣ мегўӣ, ки аз уҳдааш набароям - чӣ.
- Майлаш кўшиш мекунам, - гўён баъди даъвати дубораи холаи ошпаз Ҷамила бо он зани "хайрхоҳ" худоҳофизӣ намуд.
- Вай кӣ буд? - пурсид ошпаз холаи Муҳаббат.
- Ўро нашинохтам.
- Нашинохтию ним соат ҳамроҳаш лақидӣ?
- Ба фикрам, ӯ зани хайрхоҳест.
Суҳбати Ҷамиларо бо ошпаззан дида, он нафаре, ки мехост дасти вай бигирад, дар як мижа задан ошхонаро тарк кард. - Хуш, ў баҳри худат чӣ хел кор пешниҳод кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор