Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҷамила, ки ҳанўз аз мактаби хайру шарр нагузашта буд, нарезондаю начаконда суҳбати хешро бо он зани "хайрхоҳ"
ба самъи ошпаззан - холаи Муҳаббат расонид.
- Вой ман мурам! - гўён Муҳаббат-хола кафгири дар дасташ бударо чун найза бардошта ба тарафи толор ҳаракат кард, вале мисли оне ки замин холаи "хайрхоҳ" - ро фурў бурда бошад, ўро наёфта, ғазаби хешро дар сари Ҷамила фурў рехт.
- Охир, ман аз куҷо донам, ки ўро чӣ мақсаде дар дил аст?
- бо чашмони ашкбор мегуфт вай.
- Камро хӯру ғамро не, мефаҳмӣ. Аз он чӣ ки ту дар ин ҷо даромади дурусте ҳам надорӣ, вале нонатро ҳалол намуда хӯрда истодаӣ. Аз луқмаи ҳаром бошад, Худо нигоҳ дорад, фаҳмо!
- Фаҳмо...
Боз соле бо ҳамин аҳвол сипарӣ шуд ва Муҳаббат - хола он зани аз сардию гармии зиндагӣ бохабар аз он маҳал кӯч баст ва Ҷамила бе саробон монд…
Баъди рафтани Муҳаббат - хола ошхона макони гирдиҳамоии гурўҳи ҷавонон гашт. Гўё дар шаҳр манзиле аз он беҳтаре набуд. То Ҷамила бифаҳмид, ки гап дар куҷост, маза аз қайла гузашт. Аслан дар хизматрасонӣ ба гурӯҳҳои хуморӣ худи роҳбарияти ошхона манфиатдор буд.
Дуди банг гоҳо то ба фалак мепечид, вале касеро аз ин кор парвое набуд. Роҳбарияти ошхона дар як муддати кўтоҳ маоши Ҷамиларо ду маротиба зиёд кард. Рафту даромад хубтар мешуд, ба ў мукофотпулӣ ҳам медоданд. Рафта - рафта доираи фаъолияти ин духтараки понздаҳсола ба авҷи аълояш расид. Бо тавсия ва дастгирии роҳбарияти он ошхонаи замоне назарногир Ҷамила ба интиқоли маводи мухаддир даст зад.
Ду - се амалиёти ў бобарор анҷомид. Чӣ хеле ки мегўянд, иштиҳо дар вақти хӯрдан кушода мешавад, иштиҳои духтараки понздаҳсола низ рўз аз рўз қозгир мешуд. Дар он вақт аслан банг ва афюн воситаи асосии муомилот буд ва як килограмм афюн на бештар аз саду ҳаштод - дусад доллар қимат дошт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор