Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзе Ҷамила панҷ килограмм чунин борро бо сабабҳои то кунун ба худаш номаълум гум кард, ки оқибати ин амалаш ғайричашмдошт ба таври мусбӣ ҳал шуд…
Марде, ки акнун аз ў паноҳгоҳ ҷӯстанист, дар лаҳзаи ниҳоят нозуки ҳаёташ ўро даст гирифт. Даст гирифтан ин кам аст, маҳз ҳамин мард бо рафтори некаш домони то он лаҳза поки духтарро аз олудашавӣ ҳифз намуд. Рафтори ҷавонмардонаи ҳамсоя дигаргунии куллиеро дар ҳаёти минбаъдаи ў рўйи саҳна овард. Ҷамила ба хубӣ дарк намуд, ки шаъну шараф ва номус чист. То ба шавҳар баромаданаш пероҳани вай доғеро надид, вале бахт ба рўяш нахандид, ки нахандид…
Баъди ду соли зиндагии якҷоя, дар замоне, ки вай акнун нав сарторик шуда буд, шавҳараш бо дигаре рафт. Аз ў ба ҷуз дуди ғам боз ҳамин кулба низ ба Ҷамила мерос монд. Тифли ба дунёомада дар синни яксолагиаш аз олам даргузашт.
Падари сангдил тайи як сол боре ҳам ёди тифли хеш накард…
Акнун Ҷамила танҳост. Гоҳ - гоҳ дар тафаккури занонаи ў симои ҳамсоя, ки замоне бе ягон тамаъ номуси вай бихарид, чун тираабре пайдо мешавад. Маҳз ба хотири ҳамин ҷавонмард ў китоби "Ҳотами Той" - ро чанд бор қироат намуд. Дар нисбати он Ҳотаме, ки замоне дар соҳилҳои Даҷла қадам мезад, ҳамсояи собиқи онҳо Дороб Қамар аз нигоҳи худи вай ҷавонмардтар намуд…
Чархи айёмро фаҳмидан намешавад. Марде, ки замоне ҳазор долларро бе тамаъ додаву номуси вай бихарид, имрўз ба дастгирии зани муштипаре ниёз дорад. Шояд зери коса нимкосаест, охир кӣ метавонад чунин ҷавонмардеро, ки дар як мижа задан се танро рўйи замини сард "тахт" зад, таъқиб намоянд?

  • Маро таъқиб мекунанд, агар дар кулбаат баҳри банда ҷой ёфт шавад, чӣ хуб, вагарна рафтанам б - ба ёд овард ў суханони ҳамагӣ ним соат пештар гуфтаи ҷавонмардро.
    “Бовар намекунам.
  • Чаро? - шунид ў овози қалби хешро.
  • Дороб - ако, ба фикрам, дар умраш пашаро озор надодааст? Пас киро бо вай корест?
  • Бигӯед, ки ин ташрифи нимишабии вайро сабаб чист?
пешина
аз 527
навбатӣ