Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Намедонам, шояд…
  • Шояд чӣ?
    -“Элак баҳонаю дидор ғанимат” - гуфта омада бошад - чӣ?
  • Хобатро ба об гўй.
  • Ӯ метавонад, ки маро дўст дорад?
  • Ту чӣ?
  • М..м..ан, ман намедонам.
  • Ё аз иқрор шудан шарм медорӣ?
  • Ҳамин хел.
  • Рафту дар ҳақиқат ў бо баҳонае ёди ту кардаву пой ба остонаи хонаат гузошта…
  • Намедонам.
  • Шояд аз худаш пурсӣ?
  • Ман сабр мекунам.
  • Гумон дорӣ, ки аз сабр кардан аз ғӯрра ҳалво мепазад?
  • Намедонам, вале ҳар як ҳаракати банда метавонад гумонҳои ботилро дар дили ў ҷой диҳад.
  • Рафту ў худаш аввалин шуда…
  • Дар он сурат ман муқобилият нахоҳам кард.
  • Таслим мешавам гўй?
  • Бечунучаро.” Вақте ки собиқ ҳамсоя дар меҳмонхона сари дастархон чой менўшид, соҳибхона дар ошхона баҳри ў таом тайёр намудаю дар мавҷи андешаҳои бесарунӯг шино дошт.
    Ҳарчанд меҳмон то ҷое вайро ба асли воқеаҳои ба сараш омада огоҳ намуд, вале худи ў суханони собиқ ҳамсояро дар мизони ақл чунон баркашид, ки аз ҳақиқати асл нишонае намонд. Ба ҳамин хотир ў лаҳзае аз сари дег дур шуда, ба тарафи оинаи барқади дар пешдолон буда қадам зад ва симои хешро аз сару бар наззора намуда, сипас болои лаълии калоне ду коса шўрбо гирифта, хиромида - хиромида дари меҳмонхона кушод.
  • Хайрият меомадед,- ба тарафи вай нигоҳашро духта гуфт меҳмон.
  • Бубахшед, - бо нозу карашмаи ба занҳо хос дасташро пеши бар гирифта гуфт ў.
пешина
аз 527
навбатӣ