Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Сари дастархон онҳо хеле суҳбат намуданд. Меҳмон боз ҳамон суруди дилбазани хешро чун ҳалқа дар гўшаш овехтанӣ шуд. Сурудеро, ки на оғозаш нек буду на анҷомаш, яъне ки бандаро таъқиб доранд…
Ҷамиларо бошад, дарди дигаре ба сар омада буд, дарди муҳаббат…
Прокурори ноҳияи Сарчашма баъди шиносоӣ бо ҳуҷчатҳое, ки тайи як ҳафтаи охир милиса ба даст оварда буд, барои ба ноҳияи Файзбор фиристодани зердасташ Фирдавси Ҳаким пофишорӣ накард. Ба мақсади самаранок истифода бурдани вақт Сорбони Ҳомид ва Фирдавси Ҳаким баъди намози шом ба роҳ баромада, қарибиҳои субҳи рўзи дигар вориди ноҳияи Файзбор гаштанд. Дар рў ба рўйи бинои милиса аз мошин фаромаданд. Чун то оғози кор боз ду соат вақт буд, онҳо дар яке аз ҳуҷраҳои бинои милиса, ки ба сифати меҳмонхона хизмат мекард, истироҳат намуданд.
Бо оғоз шудани рўзи корӣ сардори ШКД Ҳикмат Зариф ҳардуяшонро ба ҳузур пазируфт. Баъди гуфтугўи на чандон тӯлонӣ, ки характери конфиденсиалӣ дошт, Ҳикмат Зариф сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Одина Валихон ва ваколатдор оид ба корҳои ноболиғон капитани милиса Муртазо Дўстро ба наздаш хонда, ҳардуро ба ёрии муфаттиш Фирдавси Ҳаким фиристод.
Сараввал майори милиса Одина Валихон баҳонае пеш оварда, бо гурӯҳ ҳамроҳӣ кардан нахост, вале сарвари ШКД дар ду сухан майори қайсарро чунон ба ҷояш шинонд, ки дигар лом гуфта натавонист.
- Агар дар ёдатон бошад, ман кайҳо ба шумо гуфта будам, ки нӯги гиреҳро аз рўйи нишондоди хонандаи синфи чорум Қодири Ашўр ёфтанамон лозим, вагарна аз дигар самт калобаро тоб дода, то ба худи мо мерасанд. Агар хато накунам, ҳамон рўз фаро расид ва акнун ҳама баҳонаю далелҳои пешовардаи шумо, рафиқ майор, ба пули пучаке ҳам намеарзанд. Фаҳмо!
- Фаҳмо, рафиқ майор, - аз ҷой бархеста гуфт майори милиса Одина Валихон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор