Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Баҳри гузаронидани амалиёти тафтишотӣ Фирдавси Ҳаким дафтари кории сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Одина Валихонро муваққатан ба иҷора гирифт. Муртазо Дўст бо амри муфаттиш аз пайи ба милиса овардани писарбачаи ноболиғ Қодири Ашўр рафт. Сорбони Ҳомид бошад, муфаттишро бовар кунонид, ки бе дидани дафтари қайдҳои шуъбаи БДА ноҳияи мазкур муроде ба даст омаданаш мушкил аст.
- Дар ин бора ихтиёр шуморост, аз рўйи салоҳдиди хеш амал намоед, - гуфт муфаттиш.
Капитани милиса Сорбони Ҳомид сараввал китоби қайдҳои БДА - ро, ки ҳаракати ҳама гуна намудҳои нақлиёт дар он дарҷ мешуд, дар худи бинои милиса ҷустуҷў намуд ва чун дид, ки муроде ҳосил намешавад, ба мошини худи милиса нишаста, ба дидбонгоҳи БДА рафт, вале ҳама гуна талошҳояш барабас рафтанд. Чун дар китоби қайдҳои БДА рақами 94 - 61 ёфт нашуд, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ самти нигоҳашро ба ҳодисаи сангчарх аз дигар кунҷ равона кард.
Дидбонгоҳи БДА ҳамагӣ 20 километр болотар аз маркази сангчарх воқеъ гардида буд. Аз рўйи нишондоди писарбачаи ёздаҳсола мошини таксӣ баробари кафидани чашми рўз минтақаи Дударгиро убур намуд. Модоме ки рақами ҳамон мошин дар китоби қайдҳои БДА нест, пас ў умуман дидбонгоҳи мазкурро убур накардааст. Аз ин рў, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба хулосае омад, ки мошини ГАЗ 2410 рақами давлатиаш 94 - 61, ронандааш Мустафо Наимро дар таърихи 22 - юм ба 23 - юми сентябр дар ҳамин радиуси 20 км ҷустан лозим меояд. Дар шароити қўҳистон ҷустан ё худ муайян намудани макони таваққуфнамудаи таксӣ дар доираи бист километр кори осон нест, вале аз чӣ бошад, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид аллакай ба анҷоми неки кор умед баст. Андешаи нек, бошад худ ними давлат буд.
Расо баъди ду соат Сорбони Ҳомид ба маркази ноҳия баргашт ва он чӣ ки аз забони муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким шунид, ба ақл рост намеомад. Писарбача Қодири Ашўр аз байни панҷ сурат акси зане, ки дар асоси нишондоди Озодаи Шафоат рўйи варақ омада буд ва дар байни ҳафт сурат акси Мустафо Наимро шинохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор