Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Нишондоди ў дуздро то ба худи обмӯрии боғ ов ёфтану шинохтани дузд аз таҷрибаю маҳорати худи боғбон вобастагӣ дошт.
Баъди суҳбат бо Сорбони Ҳомид ва фаҳмидани нуқтаи назари вай муфаттиш Фирдаваси Ҳаким дар асоси талаботи моддаи 45-и Кодекси мурофиавӣ - ҷиноятӣ супориши ҷудогонае ба номи Ҳикмат Зариф навишта, онро тариқи котибот ба дасти сарвари ШКД дод. Дар асоси супориши додаи муфаттиш мебоист милиса муайян менамуд, ки шаби 22
- юм ба 23 - юми сентябр мошини ГАЗ 2410 рақами давлатиаш 94-61 дар куҷо шабро рўз намудааст ва субҳи рўзи 23 - юми сентябр аз куҷо ба сафар баромадааст.
Дар нимаи дуюми рўз Сорбони Ҳомид ва Фирдавси Ҳаким ба мавзеи сангчарх омада, маркази асосии ҳодисаҳоро ба таври расмӣ аз назар гузарониданд. Қодири Ашўр дар ҳузури муаллим Нуридини Вафо ҳодисаи як моҳ қалб дидаи хешро нуқта ба нуқта такрор намуд ва ба ҷуз ба навор гирифтани ҳаракатҳои писарбача боз ҳамаи ҳаракатҳои вай ба таври расмӣ дар протокол қайд карда шуданд. Баъди азназаргузаронии ҷойи ҳодиса Сорбони Ҳомид ва Фирдавси Ҳаким бо ҳаммаслакони файзбории хеш дар ҳамон ҷо худоҳофизӣ намуда, ба тарафи шаҳр роҳсипор шуданд. Онҳо бо чашми хеш диданд, ки сангчарх чӣ гуна мешудааст. Танҳо аз ба хотир овардани ҳодисаи ба сари Сайёд Ватан омада мўйи бадани онҳо рост шуд. - Бубин, нафаре, ки баҳри мардум марги сафедро интиқол медод, чӣ тавр ба ғазаби Офаридгор гирифтор шуд, касе, ки аз ҳисоби марги дигаре соҳиби сарват шудан хост, чӣ тавр ҷони хешро аз даст дод,- гуфт Сорбони Ҳомид.
- Ҳамин аст бузургии Худои азза ва ҷалла, - гуфт Фирдавси Ҳаким ва муҳри хомўшиӣ бар лаб зад.
Офтоб ба ғуруб мерафт ва мошин ҳардуи ҳомии тартиботро, ки дар ҳодисаҳои атрофи Дударгӣ мўйро аз хамир ҷудо кардан мехостанд, ба пеш, ба сўйи ғарб мебурд…
*** Табассуми зан, табассуми он олиҳаи зебои хонадон чун тире қалби шавҳар бишикофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор