Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Хушдил Одил фаҳмид, ки бонуи хонадонаш бо ханда қасди хеш аз ў биситонд, ки маънояш: “ана дидӣ” буд… Ба доно ишорату ба нодон калтак ва чун ҳамсари Раъно марди сармою гармои рўзгорро дида буд, аз ҳамин як табассум маънии онро чун санади таслимшавии бечунучаро дар рӯзгор қабул кард.
"Пирмурод ба ҳайбату хоҳардухтар ба ҳурмат" - гуфтаанд мардони оқил. Имрўз аз ҳайбати пирмуродҳои Раъно, ки дасту остин барзада, ба ёрии фарзанди падар омада буданду нияти ҳаммаслакони язнаи хешро даст гирифтану ба милиса супоридан доштанд, чашми худи язнаашон ҳам ғубор гирифт. Маҳз ҳамин мақсад ба шавҳари Раъно хуш наомад.
Рафту Фарҳоду Иброҳим ваъда медоданд, ки сари онҳоеро, ки қасд ба ҷони ҷиянашон намудаанд, аз тан ҷудо мекунанд, дар гўши падари Шерзод хуштар садо медод, вале ба милиса супоридани онҳо ин худ баробари дасту пойи язнашон ҳам кишан задан буд…
- Мо он амалеро иҷро мекунем, ки писанди модарамон аст, дар акси ҳол зиндагии мо маънии хешро гум мекунад, - гуфтани бародарони Раъно, ки хоҳарашон ҳам дар як табассум пайконро дар замири он ёри дилозораш, дар дили шахсе, ки бародаронашро носазо гуфта буд ҷо намуд, дили бе ин ҳам озурдаи вайро озурдатар сохт…
- Ҳамаи инро сабаб як буд: ба ҷо овардани ҳурмати шири сафеди модар. Дар дигар ҳолат мешуд, эхтимол Хушдил Одил сари гуфтаи бародарони ҳамсараш дигар хел андеша мекард:
аз қабили "битарс аз он ки ў натарсад аз Худо", вале дар айни замон, ки суханони хушдоман характери амр доштан ва сарпечи аз он баробари хиёнат ба Ватан ҳисоб меёфт, дигар домод чӣ ҳам мегуфт? Боз он табассуми зебои ҳамсар, ки паҳлуи бародарон чун гули сари сабад ба чашмаш тофт.
Хушдил Одил дар ҳамон лаҳзаҳо дар иҳотаи бародарон, дар иҳотаи онҳое, ки ба хотири шири сафеди модар тайёр буданд, ки язнаашонро низ дар қатори собиқ дўстонаш ба милиса супоранд, ҳамсарашро чун гули худрўй дид. Раъноро чун гули худрўй бидиду бародаронашро чун хор. Баъди суханони болохонадори Фарҳоду Иброҳим, ки тамоми рукнҳои олами ҷиноиро пеши по задану нияти бо милиса ҳамкорӣ намудан доштанд, Хушдил Одил худро дар аъроф дид…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор