Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар замоне ки шавҳар аз як табассуми ҳамсар дар гирдоби андешаҳо ғӯтта мезад, мавҷи андешаҳои зан ҳам лаппиш хўрд: “Кошки ин язнаи лаънатиатон хубиро фаҳмад.
Рост гуфтанд, ки шутур каҷии хешро намебинад ва он чӣ ки ҳамагӣ чанд рўз пеш ў дар нисбати шумо гуфт, ба ёд оварданаш ҳам гуноҳ аст. Хуб аст шумо ба вай фаҳмонидед, вагарна ў гўши бандаро бо сафсаттаҳои хеш мебурд.
Бародаронат ин тур, бародаронат он тур мегуфт. Ман ҳар қадар кўшиш намудам, ки ба ў фаҳмонам, ки номи шуморо бо нияти бад ба забон наорад, вале натавонистам. Ба суханонам, ки бародарони ман дар он солҳои наҳс чандин пойлучро соҳиби нон намуданд, ана ҳамин худозадаи язнаатон рўйирост эътироз намуда гуфт, ки соҳиби нон не, соҳиби Калашников намуданд… Афсўс ки ман ягон суханони гуфтагии язнаатонро ба забон оварда наметавонам, вагарна шумо сари ўро аз тан ҷудо мекардед. Баъди он суханон банда бори аввал аст, ки табассум намудам ва аз нигоҳи вай пай бурдам, ки бо ин табассум қалби ўро шикофтам. Бо ханда мекушам туро, бо ханда мекушам туро, бо ханда,” - зери лаб гуфт ҷавонзан ва боз табассум намуд… ???


Якҷоя омадани муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ба маркази сангчарх худ як таркише шуд, ки аз садои он пардаи абр бидариду нуре дар муқобили зулмот рост шуд.
Нишондоди хонандаи синфи чорум Қодири Ашўр на танҳо яхро ба ҷунбиш овард, балки дар пайвастани ду соҳил метавонист саҳмгузор шавад. Дар дафтари кории прокурори ноҳияи Сарчашма аъзои гурўҳи фаврии тафтишотӣ, ки умеди хешро аз кушодани парвандаи мазкур канда буданд, сари баҳс қарор гирифтанд.

  • То гузоштани нуқтаи охирин аз рўйи ҳодиса даву този зиёде дар пеш аст, вале як чиз муссалам аст, ки мо дар маҷрое шино дорем, ки соҳилаш дур нест. То ба соҳил расидан ин ба худи мо, дурусттараш ба ҷаҳду талошҳои мо, вобаста аст.
пешина
аз 527
навбатӣ