Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳоло банда дар кадом мақом қарор дорам, - маҷрои суҳбатро ба дигар самт тоб доданӣ шуда, пурсид собиқ ҳамсоя.
  • Чӣ хел дар кадом мақом?
  • Худи ҳозир гуфтӣ, ки меҳмон атои худост?
  • Гуфтам.
  • Чанд шабе пештар гуфтӣ, ки ман дуздам, бинобар ин банда мақоми ҳозираи хешро донистан мехоҳам, то андешаи фардои хеш намоям.
  • Акнун фаҳмидам. Ту дуздӣ, дузди руҳу қалби манӣ ва дар кадом ҳолате қарор надошта бошӣ, баҳри ман азизӣ, мефаҳмӣ, азизӣ.
  • Ту ҳам барои ман азизӣ, ёри дилозори ман…

Аз рўйи доираи талаботе, ки дар асоси номаи Ҳамид Ҷовид ба ҳамаи бахшҳои шиносномадиҳӣ ирсол шуда буд, танҳо аз навоҳии тобеи шаҳр кам не ғам не, ному насаби дусаду чилу ҳашт Ёсуман рўйи саҳна омад. Ҳамаи ин дар ҳолате буд, ки дар худи бахшҳои шиносномадиҳӣ Ёсуманҳоро аз ғалбер гузаронида буданд. Синну соли ҳамаи Ёсуманҳои ба ШКД - и ноҳияи Сарчашма расида, на аз бистсола поён ва на аз сиюпанҷсола боло буд. Синну соли ҷавонзане, ки таваҷҷуҳи милисаро бедор карда буд, аз рўйи нишондоди ноболиғ Қодири Ашўр ва сокини шаҳр Озодаи Шафоат бо фарқияти на кам ва на беш аз панҷ сол таъкид шуда буд.
Новобаста аз он ки ба номаи дархостӣ расми Ёсумани аслӣ, ки дар нишондоди Озодаи Шафоат рўйи саҳна омада буду онро ҳатто писарбачаи ноболиғ Қодири Ашўр аз байни панҷ чунин расм шинохта буд, ҳамроҳ карда шуда буд, касе ҷавоби аниқу дақиқ надод.
Бо супориши сарвари ШКД дар ду шабонарўз тамоми ҳайати шахсӣ ва аппарати ёрирасони он аз пайи муайян намудани номи Ёсуманҳое шуданд, ки рўйихатро "зеб"
медоданд. Мутаассифона, ягон нафаре аз он Ёсуманҳо "гули сари сабад"-и милиса нагаштанд. Дар ҳузури Ҳамид Ҷовид сари ин масъала баҳси домандоре баргузор гашт. Сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев сарвари ШКД - ро бовар кунонид, ки чи ҳайати шахсӣ ва чи аппарати ёрирасон аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурданд ва ҳатто бо чандин баҳонаю далелҳо расми қисме аз онҳоеро, ки аз рўйи синну сол (аз бисту панҷ то сисола) ба нишондоди Озодаи Шафоат наздиктар буданд, аксбардорӣ намуда, боз ҳамон расмҳоро ба он ки аз рўйи нишондодаш расми Ёсумани аслӣ тарҳрезӣ шуда буд, дубора ба дугонаи ҳамсари М Наим нишон доданд, вале бенатиҷа…

пешина
аз 527
навбатӣ