Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Баъди яке аз чунин рақсҳо ӯ маъзарат хоста, лаҳзае ҳамроҳи дугонаи арӯс сари суҳбат қарор гирифт ва банда танҳо ба сари миз баргаштам ва ҳатто нафаҳмидам, ки чӣ тавр нафаре аз пушт омада, даст ба китфам гузошт ва ман дилу бедилон ба ҳамон самт тоб хурдам.
Ман ҳеҷ нафаҳмидам ӯ аз рӯйи илтифот ба наздам омад ва ё баҳри баён намудани тамасхури дар замираш нуҳуфта. Ӯ бо нигоҳе он тамасхурро бароям “ҳадя” намуда гуфт:
- Бузичаи зебое ба дастат афтидааст, боз нашаваду...
-Боз нашаваду чӣ?
-Нагӯӣ, ки чӣ тавр шуду банда ба ин гандумнамои ҷавфурӯш дил бохтам.
-Ту ӯро мешиносӣ?
-Чӣ фарқ дорад, вале дар хотир дошта бош, ки Худованд занҳоеро мисли Мижгон чун ситораҳо барои об додани чашми ҳамагон офаридааст ва чунин нафарон моли як кас буда наметавонанд...
-Камтар нӯшидан лозим, - гуфтам ман ва баҳри ҳимояи Мижгон аз ҷойи бархеста, аз гиребонаш гирифта, шарҳи каломи гуфтаашро талаб кардам, вале дар ҳамин лаҳзаи кӯтоҳ бонуе, ки мавриди баҳси ду мард қарор гирифта буд, назди мо омад ва даст ба зери оринҷам бурда, “Ӯ маст аст” - гӯён моро аз ҳам ҷудо кард ва бандаро дубора ба майдончаи рақс бурд ва то охири маърака дигар аз паҳлуям дур нашуд.
-Монда нашудед, - пой ба остонаи дафтари кориаш гузошта пурсид Фурӯғи Шариф ва ба назди тиреза рафта, аз сабуи дар дасташ буда ба чойҷӯши барқӣ об рехта, ноқилҳоро ба системаи барқӣ пайваст.
-Саргузашти аҷибу ғарибе доштааст ин мард.
-Чун саргузашти итолиёҳо дар Русия?
-Не, чун саргузашти Робинзон Крузо.
-Маълум мешавад, ки то охир он саргузаштро гӯш накардаед, вагарна ҳаргиз рӯзгори онҳоро чун рӯзгори Робинзон дар ҷазирае тасвир намекардед, - гуфт муфаттиш ва аз сейф парвандаеро берун оварда, мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё