Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки муфаттиш парвандаи болои миз гузоштаашро варақ мезад, ман ҳамроҳи нафаре, ки ишқи сармозада ҳушу ёдаш рабуда, ӯро ба зери чархи мошин партофт, қадам задам.
Зиндагӣ пасту баландиҳои худро дорад ва агар об диҳад, гулоб мегирад ва нафаре, ки як бор аз нӯшидани шир сӯхт, бори дуюм ҳам бе андеша ин амалро такрор кард. Париваш ба қавле ӯро аз марг раҳо кард ва ба гирдоби ноаёнаш партофт. Мисли оне ки итолёвиҳо ба хотири зару зевар қариб нисфи нишонаҳои фарҳангии шаҳри соҳили Неваро вайрон карданд, ҷавонзан аз ӯ ғуломи ҳалқабаргӯш ва манқурти тайёр сохт.
Сипас, сари як пиёла чой мо давоми он қиссаи ҳузновари муҳаббатро, ки чунин мазмунро тақозо мекард гӯш кардем:
Як умр метавон сухан аз зулфи ёр гуфт, Дар банди ин мабош, ки мазмун намондааст.
Соиб, пиёла гир, ки то кардаӣ нигоҳ, Як хишт аз иморати гардун намондааст.
ва ҳарду якҷоя аз бинои прокуратура баромадем. Шом шуда буд...


Фирӯзи Файз дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар оилаи омӯзгори МФТИ (Институти физикию техникии Москва) Файз Девлох чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ӯ дар оила фарзанди дуюми хонадон буд ва таваллуди вай баъди як духтар ҳарчанд таҳаввулоти бузургеро ҳам ба бор наовард, вале дар замири падар шуълаеро, ки онро бо ягон калом ба риштаи тасвир кашида намешавад, ба зиндагӣ бештар кард.
Пой ба олами ҳастӣ гузоштани писарбача ба даврае рост омад, ки падараш рисолаи докториашро дар ин пажуҳишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоя кард. Падар дар симои тифли нав натанҳо вориси хеш, балки пушту паноҳи духтарашро медид.
То замони ба олами ҳастӣ қадам ниҳодани вай падару модараш номи ҳамдигарро гирифта, муроҷиат мекарданд ва аз лаҳзаи номгузорӣ номи ӯ чун пайвандгаре дар муколамаи минбаъдаи волидон гашт. Акнун падар ба ҳамсараш “очай Фирӯз” гуфта муроҷиат мекард ва модар шавҳарашро “дадои Фирӯз” мегуфт.

пешина
аз 527
навбатӣ