Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳукумати вақти ҷумҳури Файз Девлохро барои ҳимояи рисолаи докториаш табрик намуда, ӯро ба таври расмӣ барои кор ба ватани аҷдодиаш даъват намуд. Аз сухани дӯст шикастан, эшон гардани шайтон шикаст ва ё шояд аз шоҳи дар ғарибӣ будан гадоиро дар диёри аҷдодиаш беҳтар донисту ба ҷойи кор ва коллективи тифоқи МФТИ худоҳофизӣ намуда, ба Ватан омад, бехабар аз он, ки ӯ ва аҳли оилаашро чӣ сарнавиште дар пеш аст... Ҳарчанд он солҳо дунёи бачагиаш зебову рангин буд ва чун по ба остонаи мактаб гузошт, тағйироти куллие дар ҳаёти мамлакат рух дод. Дар охири моҳи дуюми соли аввали таҳсил, вақте ки ӯ аз мактаб омад, бибиашро бо чашмони ашкбор дид ва сабаб пурсид.
-Подшоҳгардиш шуд, ҷони бибӣ, подшоҳгардиш ва чунин тағйироти куллӣ дар ҳаёти мамлакат фоли хуб нест.
Оқибаташ ба хайр шавад, - гуфт кампир. Ин ҳама муаммогӯиҳои бибиаш таъби ӯро хира ва ашкро дар чашмонаш пайдо накард. Ҳамааш, каме баъдтар, яъне соле пас ба вуқӯъ пайваст. Он замон ӯ дар синфи дуюм мехонд ва оилаи онҳо дар кӯҳдомани зебои шаҳр оилаи намунавӣ буд ва ҳамагон падари ӯро чун олими барҷаста (ӯ доктори фанни техникӣ буд) ва инсони наҷиб мешинохтанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд ва дар як рӯзи рӯшан муносибати мардум нисбат ба ин оилаи намунавӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Дар он рӯзи офтобии моҳи апрел ӯ аз мактаб баргашта, ба ҳамсояҳои аз рӯ ба рӯяш омада мисли рӯзҳои пешин салом дод, вале касе ба саломаш посух нагуфт, чун пештара касе нагуфт, ки ба муаллим салом расонед ва ҳатто нафаре ба ҷои алейк гуфтан, “давидани гӯсола то каҳдон” гуфт. Ба ҳамаи ин саволҳояш ӯ андак пас, вақте ки вориди дарвозаи ҳавлиашон гашт, ҷавоб гирифт. Апааш Манзура ӯро бо чашмони ашкбор дар паси дарвоза пешвоз гирифт ва хабар дод, ки падарро ҳабс намуда, дар хона кофтуков гузаронданд. Ин аҳволро бибиаш дида фишори хунаш баланд шудааст ва “Ёрии таъҷилӣ” - ро ҷеғ зада, кампирро ба беморхона фиристоданд.
-Модарам канӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё