Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ӯ ҳам ҳамроҳи бибиам ба беморхона рафт.
-Тақдири Оллоҳ таоло будааст, ки бибиаш ҳамон шаб дар беморхона ҷон ба Ҷонофарин таслим кард, вале падар дар ҷанозаи модар иштирок карда натавонист ва бо ҳидояти амакаш ӯ ба ҷойи падар аз пояи тобут гирифта, чанд қадам гузошт ва бо ин васила қарзи падар ва худро дар назди фариштае, ки подшоҳгардишро фоли бад арзёбӣ намуда буд, то ҳаде ба сомон расонд. “Ба Худо бибиам фаришта будааст, фаришта,” - зери лаб гуфт вай ва аз пушти тобут то ба сари хокдони бибӣ рафт. Ҳатто дар ҳамон ҷо ҳам чанд ҷумлаи канда - кандаеро дар атрофи номи падар шунид, ки гӯё бо гуноҳи падараш бибиаш дунёро тарк кард. Ана гапу мана гап. Охир падарам аз дирӯз боз дар хона нест, пас чаро мардум дар марги бибиам падарамро гунаҳкор кардан мехоҳанд, чаро? Ақли кӯчаки вай дар он лаҳзаҳо дар ҳалли чунин як каломи пурпечутоб дармонд, вагарна ӯ борҳо аз забони ҳамин фариштае, ки бо ҳама бесаводии хеш подшоҳгардишро фоли бад арзёбӣ намуд, шунида буд:
Бе амри Худо барг наафтад зи дарахт, Гар амр шавад, на барг монад, на дарахт.
Шояд Оллоҳ таоло дар марги бибӣ барои аҳли хонадон сабри ҷамилро ато фармуд, ки онҳо ин қисмати тақдирро ҳамчун амри Худованд қабул карданд, вале...
Сарнавишти падар, ки ба андешаи модараш бо туҳмат паси панҷараи маҳбас рафта буд, онҳоро ором нагузошт, ки нагузошт. Тайи ҳашт соли дар маҳбас будани падар рӯзе набуд, ки вай суханони бибиашро, ки ба андешаи худи ӯ руҳаш бо фариштагон пайваста буд, ба ёд наоварда бошад:
-Подшоҳгардиш шуд, ҷони бибӣ, подшоҳгардиш ва чунин тағйироти куллӣ дар ҳаёти мамлакат фоли хуб нест, оқибаташ ба хайр шавад...
Вай сари гуфтаҳои бибӣ, сари гуфтаҳои нафаре, ки ҳамарӯза барояш афсона мегуфт ва бо афсонаҳои рангинаш зиндагии ӯро низ рангинтар намудан месохт, андеша мекард ва ду-се сол пас аз марги бибӣ вай дубора каломеро аз афсонаҳои он фариштаи сухангӯ ба ёд овард. Ӯ ба ёд овард, ки бибиаш боре дар афсонае гуфта буд, ки охири охирон ба сари ҳокимият подшоҳе меояд, ки дар пешонааш хол дорад ва баъди чанд соле қавму миллатҳои гуногун пароканда мешаванд ва дигар саг соҳибашро намеёбад ва ҳанӯз дар замони мактабхонӣ вай дубора шоҳиди табаддулоте бо номи ГКЧП шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё