Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чанд моҳ пас аз табаддулоти августӣ он Империяи Бузург низ ба дори фано рафт. Давлате, ки аз шунидани номаш олами сармоя меларзид, чун оғози ҳама афсонаҳое бо каломи буд - набуд аз харитаи сиёсии ҷаҳон гум шуд ва подшоҳи хол дар пешонадошта таърихи як Империяи Бузургро ба афсона табдил дод.
-Ба афсонаи буд, - набуд.
-Ба афсонае чун афсонаҳои бибӣ.
-Ба афсонае чун афсонаҳои он фариштаи сухангӯ, ки дар фироқи ҷигарбандаш ҷон ба ҷонофарин таслим кард ва бо ҳамон каломи файласуфонааш дар ёди наберааш бо ашкҳои дар бари рухсораш ҷоришуда дар рӯзи марги охирин подшоҳи адолатпарвари Империяи Бузург боқӣ монд.
Бо порашавии шохаҳои он Империяи Бузург муҳлати адои ҷазои падар низ поён ёфт ва ӯ ба озодӣ баромад. Тайи ҳашт сол падар ниҳоят харобу лоғар шуда буд, вале ташвиши аҳли оиларо сабаб дигар буд, ки мабодо эшонро бо доғи судӣ ба кор нагиранд ва бо чунин муносибат дубора руҳи ӯро шикананд, вале падар ҳатто ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ нашуд, чунки баъди шикасти давлате, ки аз шаш як ҳиссаи заминро саробон буд, ба пораҳои хурде тақсим шуд ва гурӯҳҳои манфиатпарасте фирефтаи “панду насиҳатҳо” - и аҷнабиён гашта, Ватанро ба вартаи ҳалокат тела доданд, вале он рӯз ӯ падарро дида каломи “Аз Ҳиндустон хабар меояду аз гӯристон не” - ро дубора ба ёд овард ва афсӯс бар он хӯрд, ки марги бибӣ доғеро якумри дар қалби падар гузошт. Шаби аввали аз маҳбас омадан падар модари бузургвораш - он фариштаи хонадонашро, ки дар ҷанозааш иштирок карда натавонист, ба ёд оварда, ашки надомат рехт.
-Аз сари фарзанди одам ҳарчи ояд бигзарад, - гуфт амакаш, ки аз падар панҷ сол хурдтар буда, тайи солҳои дар зиндон будани бародарбузургаш аҳли оилаи ӯро низ сарбон буд.

пешина
аз 527
навбатӣ