Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас воқеаҳои аз он бадтаре рух дод, воқеаҳое, ки дигар саг соҳибашро намеёфт ва байни мардум он қадар нофаҳмиҳо шуд, ки...
Ҳамаи ин нобасомониҳоро дида падар азоб руҳӣ мекашид ва афсӯс бар он мехӯрд, ки бубинед:
Дар Шарқ дину ақл ба ҳам ҷанг мекунанд, Дар Ғарб ҳарду хизмати фарҳанг мекунанд.
Шахсияти Файз Девлох барои гурӯҳҳои манфиатхоҳ чун мумиёи давр буд ва онҳо бисёр кӯшиданд эшонро, ки ба қавли худи онҳо ҳашт соли умри бобаракати хешро бо туҳмат дар зиндон сипарӣ намуда буд, ба бозиҳои сиёсӣ кашанд, вале Файзи Девлох возеҳу равшан ба он “вакилон” фаҳмонд, ки беҳтар мебуд худи онҳо аз чунин андешаҳои нопок даст мекашиданд ва Ватанро ба гирдоби ҳалокат тела намедоданд, вале суханони доктори фанҳои техникӣ, ки солиёни зиёд дар тарбияи насли ояндасози мамлакат саҳмгузор буд, баробари азоне буд, ки ба гӯши хар мехонӣ ва онҳое, ки фирефтаи суханони аҷнабиён гардида буданд:
Бо наъра баромаданд ба майдон, Бо сангу кулӯху сангборон, Сад хайма заданд дар хиёбон, Яъне, ки барои мардикорӣ.
Аз мастӣ ватанситезӣ карданд, Худро ҳама турку тозӣ карданд, Дар хуни ватан, ки бозӣ карданд,
18 Ҳаргиз наравад ба оббозӣ.
Дар он шабу рӯз он қадар наттоқон дар майдонҳо рӯйи саҳна омаданд, ки агар Ситсерон зинда мешуду ваъз гуфтанҳояшонро мешунид, бемуҳобот наздашон кулоҳ аз сар мегирифт ва натиҷаи ҳамаи ин “пуф - пуф” - куниҳо ба фурӯзон гаштани алангаи оташ ё худ ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуд ва мисли оне, ки таом омаду калом бархест, доғи судии падар низ ба гӯшаи фаромушӣ рафт...
Дигар ҳар кӣ донисту дави аспаш

18 Шеър аз Бозор Собир.

пешина
аз 527
навбатӣ