Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Аз чӣ бошад, ки падар дубора майли ба кори омӯзгорӣ рафтан накард. Ҳарчанд падар дар ин бора каломе ба забон наовард, вале бо гузашти солҳо ӯ ба хулосае омад, ки падар нахост дубора бо он олимоне, ки ба хотири мансабу вазифа шуда бо супориш саҳнаеро дар гирифтани пора барояш тарҳрезӣ намуда, ӯро ба коми оташ ҳаво доданд, рӯ ба рӯ шавад ва бо унвони доктори фанҳо дар бозор ба тиҷорат машғул шуд.
Баъди хатми мактаби миёна бо ҳидояти падар ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърихи яке аз донишгоҳҳои пойтахт супурд. Не, ӯ бисёр мехост, ки аз пайроҳаи падар равад ва ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи физика супорад, вале чун падар дониши вайро мавриди баҳсу омӯзиш қарор дод, изҳори нигаронӣ намуд ва баъди маслиҳату машварати чандинкарата падар ба хулосае омад, ки ворисаш метавонад бостоншиноси хубе гардад ва андешаҳои хешро байён кард.
Азбаски вай дар нисбати дигар фанҳо ба фанни таърих таваҷҷуҳи бештаре дошт, пешниҳоди падарро пазируфт ва донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба аспирантура супурд, вале давом додани таҳсил дар аспирантура муяссараш нагашт, чунки падар як бегоҳ аз бозор барнагашт ва ҳамаи ҷустуҷӯйҳои падар бе натиҷа анҷомид, ба хотири пеш бурдани рӯзгор ӯ рӯ рӯ ба бозор овард...
Солҳо ӯ дидори падарро аз ёдҳо ва бӯйи ӯро аз бодҳо ҷустуҷӯ кард, вале бе натиҷа ва ҳатто нафаҳмид, ки гӯри падар дар куҷост ва ҳар гоҳ ки сари ин масъала андеша мекард, боз ҳамон ашкҳои бари рухсори бибӣ ва суханони пурҳикмати ӯ “подшоҳгардиш фоли хуб нест” - ро ба ёд меовард.
Нафаре, ки ба хотири пеш бурдани рӯзгор аз давом додани таҳсил дар аспирантура даст кашид, дар муҳаббат ҳам ноком монд. Ҳарчанд ӯ дар суҳбат бо муфаттиш Фурӯғи Шариф дар атрофи муҳаббати аввалааш бо Саида ном духтаре аз факултаи ҳуқуқи донишгоҳ ҳарф зад, вале аз нигоҳи тафтишот банда дар кандашавии риштаҳои муҳҳаббат, ки Фирӯзи Файз онро чун фоҷиа ба риштаи тасвир кашида буд, қонуншиканиеро надидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё