Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳатто аз дил гузаронидам, ки шавҳар дар марги ҳамсараш даст надорад, вале дараҷаи касбиятам тақозо мекард, ки баҳри хулосабарорӣ ҳоло вақт ҳаст ва ё ба қавли мардуми рус “спешишь – людей насмешишь”19-ро ба ёдам овард. Албатта, ҳар нафареро, ки бо чунин ҷурми гуноҳ муттаҳам карданӣ мешавед, хоху нохоҳ саволеро баҳратон пеш хоҳад овард:
-Аз марги ӯ ба ман чӣ фоида?
-Дар ин самт ман ба саволе, ки метавонад мусоҳиби гумонбаршудаам дар ҷиноят пеш оварад, посух ҷустам, вале баҳри ба як хулосаи аниқ омадан далелҳои кофӣ надоштам.
-Рашк чӣ?
-Шунидани калимаи рашк дар ниҳоди инсонҳо, ҳолатҳои манфии рӯзгорро рӯӣ саҳна меорад ва мардум дар аксар вақт онро нафрат мехонанд, вале дар асл чунин нест ва рашк ҳаст, ки дар сарҳади муҳаббат баҳри пойдори ҷаҳду талош меравад ва рашку муҳаббат чун ду сарбозе дар сангарҳои муқобил ва ҳар кадоме дар ҳимояи марзу бум ва нангу номуси хеш. Рафту агар рашк набудӣ, марзи муҳаббат чун ғӯрраи сармозадае аз бепарвоӣ хом мемонд ва маҳз рашк аст, ки муҳаббат соҳибқирон гашта. Таваҷҷуҳи инсонҳоро ба нимаи дуюмашон танҳо рашк бедор мекунад ва маҳз ҳамин ҳолат дар пойдории оила асос мегузорад. Албатта, дар замири онҳое, ки беш аз даҳ сол якҷоя умр ба сар бурданд, муҳаббат ҳукмрон буд ва агар чунин будӣ, рашк ҳам дар талоши гузаштан аз сарҳади муҳаббат ҷонбозиҳо карда.
-Ва рашк сарҳади муҳаббатро рахна карду мард, ки тайи ин муддат садҳо маротиба ба ҳамаи нозу карашмаи ҳамсараш тоқат кард, яку якбора тобу тавонашро аз даст дод?
-Чунинашро ҳам инкор карда намешавад.
-Духтари дохили аквариумро ҳам аз ёд набарор. Оё рафтори вайро дар он хона надидед? Хизматгор ҳам бошад, худро чун соҳибхона ҳис мекард. Соҳибхона ҳам дар муносибат номи вайро дар шакли кӯтоҳ ё худ дӯстона ба забон гирифт.
19 Шитобкорӣ – боиси хандаи дигарон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё