Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Сабоҳати Комил 23 – сола, ёру дӯстонам ба ман Сабо гуфта муроҷиат мекунанд,” ба ёд овардам лаҳзаи аввали шиносоии хешро бо хизматгордухтар, бо нафаре, ки агар имкон медошт дигар як рӯз ҳам дар хизмати Мижгони Файз намеистод ва боз ёддошти шавҳар аз каломи ба забон овардаи он марди маст, агар ӯ дар ҳақиқат маст будӣ, дар нисбати ҷавонзане, ки ӯро бо хеш ба он тӯй бурда:
-Чӣ фарқ дорад? Дар хотир дошта бош, ки Худованд занҳоеро мисли Мижгон чун ситораҳо барои об додани чашми ҳамагон офаридааст ва чунин нафарон моли як кас буда наметавонанд...
Ана ҳамин қисмати рӯзгори ҷавонзан таваҷҷуҳи бештареро тақозо мекард ва чаро марде, ки аз гиребони сухангӯ бигирифт, давоми қиссаро пурсуҷӯ накард, ҳол он ки ӯ аллакай аз нӯшидани “шир” сӯхта буд ва бояд “дуғ” - ро ҳам пуф - пуф карда менӯшид, намегуфт: “Асп дар зери пойи худам налангад.” Чаро андеша накард, ки аспи лангро дигарбора ҳавои рақсе ба сар омаданаш аз эҳтимол дур нест?
Чаро ӯ ба рафти ҳодисаҳои минбаъда аз паси панҷа нигарист, ҳол он ки марди маст навоеро бо сози фалсафаи зиндагӣ ба гӯши ӯ расонд.
Дар ин ҷода ӯро бе таҷриба гуфтан ҳам нашояд. Чӣ хеле ӯ худ иқрор шуд, дар як рӯзи рӯшан маҳбубааш ба хотири курсии мансаб вайро дар нимароҳ монд ва сабаби ҳамаи инро аз доғи судии доштани падар дид. Пас чаро худ баъди шунидани ҳама он суханони болохонадор, ки он мард Мижгонро қариб чун фоҳиша муаррифӣ намуд, мавриди санҷишу таҳлили вай қарор нагирифт? Чаро?
Мисли устои дарсоз, ки дар шинондани дар дармемонад, новобаста аз ҳама ҷаҳду талош мо низ дар ин самти корҳои ҷустуҷӯӣ дармондем, дурусттараш ҳақиқатро аз рӯзгори ин оила ба даст оварда натавонистем, ҳарчанд дар назар менамуд, ки мо дар бораи оилаи марҳум ҳамаро медонем, вале дар асл ҳамааш баръакс буд, ки гӯё мо бо ҳама ваколатҳои доштаамон дар атрофи гӯри ғарибе давр задему давр ва не пари парвонаеро ёфтем ва не садои булбулеро шунидем...

пешина
аз 527
навбатӣ