Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Сабаби ҳамаи инро дар чӣ мебинед?
-Аз эҳтимол дур нест, ки мо то кунун мақсади ба чунин амал даст задани қотилро муайян накардаем.
-Дуруст. Чунки дар ҳама ҳолат аз шакли одӣ ба мураккаб рафтан беҳтар аст, вале шумо, рафиқ майор, тарзи корро баръакс ташкил намудед, мисли оне, ки ронандаи бетаҷриба баробари исти ногаҳонии мошин сарпӯши болои муҳаррикро кушода, ба таъмири он шуруъ мекунад, вале ронандае, ки дар сари чанбараки мошин таҷриба андӯхтааст, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба бензин мекунад...
-Дар ин ҷода мо аз ҳарду самт ноқилҳоро пайваст намудем, вале ин пайвасткунии кӯтоҳ ҳам шарора надод,
-Модоме чунин аст, пас кадоме аз ноқилҳо коршоям нест ва моро ба ҷуз ёфтани ҳамон қисми нуқсондори ноқил чорае нест. Чун нуқсон дар ноқил бартараф шавад, ҳангоми дубора пайвасткунии онҳо на танҳо шарора, балки алангае хоҳад бархост...
Каломи сарвари милиса нигоҳи бандаро ба аввалин рӯзномаи болшевикҳо “Искра,”20 ки таҳти шиори “Аз шарора аланга бармехезад” бурд. Маҳз ҳамин шиор дар ғалабаи синфи коргару деҳқон саҳмгузор шуд ва давлатеро бо номи СССР ба харитаи ҷаҳон овард. Давлатеро, ки аз шаш як ҳиссаи сайёраро ба зери тасарруфи хеш дароварда буд ва чунин амал ба нотавонбинонаш писанд наомаду тариқи кирмҳои дохилӣ чунин як дарахти азимро аз беху бун чаппа карданд, - аз дил гузаронидам ман ва дар куҷо буданамро аз хотир бароварда гуфтам:
-Шояд нотавонбинон...
-Чаро не, чунинашро ҳам инкор карда намешавад, чунки Мижгони Файз замоне ситораи варзиш ва нигини дурахшоне дар ВАО буд. Аз рӯйи мансаб дар пирамидаи зиндагӣ дар зинаи паст набуд ва аз зинаи боло афтидан ҳамеша дарднок аст, ё кӣ медонад зери ин ҳама боз чӣ асроре нуҳуфта?
-Асрори азалро на ту донию на ман.
20 “Искра”- шумораи аввалинаш соли 1903 аз чоп баромадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё