Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Каломи Хайёмро инкор карда намешавад, вале аз рӯйи ваколатҳои ба зимма доштаамон мо маҷбурем аз пайроҳаи гузаштаи ин оилаи ба қавле “тифоқ” аққалан як маротиба қадам занем ва такрор ҳам шавад, гумон мекунам барои тафтишот он асрори азал ҳисобида намешавад, чунки ҳадафи мо ин ҳақро ба ҳақдор расондан аст. Фардо аз пай кор шавед!
Аз бинои милиса берун шуда, лаҳзае дар зинаҳои пеши бино тавақуф намуда, ба осмони пурситора нигаристам ва боз ҳамон қисмате аз нишондоди Фирӯзи Файз рӯйи монитори хотирам омад:
“Чӣ фарқ дорад? Дар хотир дошта бош, ки Худованд занҳоеро мисли Мижгон чун ситораҳо барои об додани чашми ҳамагон офаридааст ва чунин нафарон моли як кас буда наметавонанд...” “Чӣ ташбеҳи зебое - зан ва ситора, ду олиҳае дар муқобили ҳамдигар,” аз дил гузарондам ман ва аз зинаҳои пеши бино ба поён қадам зада ба сӯйи истгоҳ ҳаракат намудам.
Новобаста аз он ки посе аз шаб гузашта буд, худро дар оғӯши зулмот надидам, чунки кӯчаро инсон бо неруи созандааш бо чароғҳои барқӣ фурӯзон намуда ва дар ин шаби тори фасли дай чароғҳои кӯча чун ситораҳо медурахшиданд .
Фасли дай бо тамоми ҳастиаш ҳукмфармои дошт, ҳарчанд дар тамоми шаҳр аз барф нишоне ба чашм намерасид, вале шабона сардии ҳаво эҳсос мешуд ва чунин сарди шабонаи фасли дай дигарбора ба ёди банда ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омадаро овард...
Ҳарчанд дар нигоҳи атрофиён онҳо оилаи намунавӣ буданд, вале дар асл дар рӯзгори онҳо кайҳо сардие чун сардии фасли дай ҳукмрони дошт. Аз тирезаи мошине, ки маро ба сӯйи хона мебурд, дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузори мардумро дида, хостам ҳама нобарориҳои дар коргоҳ бударо ба гӯшаи фаромӯшӣ диҳам, вале ин амал бароям даст надод ва ҳодисаҳои рӯзҳои охир ба зиммаам афтода бандаро аз рӯйи касбият дунболагир шуданд ва мошинсавор ҳам бошад, ман онҳоро ба хона овардам...
Ҳарчанд боре ҳам тақдир ману Мижгони Файзро дар як чороҳа рӯ ба рӯ наоварда буд, вале имшаб ман мошинсавор симои бонкирзанро ба хона овардам ва хостам бифаҳмам, ки Мижгони Файз чӣ гуна бонуе буд ва чаро тақдир ба вай чунин ҷазоро раво дид.

пешина
аз 527
навбатӣ