Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар бораи он як пачкаи доллар, ки пули қалин буд, чӣ гуфтӣ?
– Чӣ мегуфтам?
– Аз куҷо донам. Охир ҳамроҳи милиса ту будӣ на ман.
Сабоҳат дид, ки рангу рўи модар канд. Дилаш ба ҳоли модари зор сўхт. Ў ҳамон шаберо ба ёд овард. ки модар барои ҳимояаш бархоста буд ва қариб буд падари бераҳмаш кафшҳои модарро пеши по монад…
– Оча!
– Ҷони оча. О, ин чӣ кори кардагӣ буд, ки ту кардӣ.
Акнун оби рехтаро ҷамъ карда намешавад. Магар шарт буд, ки падару модаратро ба бало монӣ. Ин милисаҳо ҳам Худо гуфта, ҳамин гуна гапу калочаро меҷўянд. Наход раҳми додару хоҳараконат нахўрӣ. Падару модаратро суд карданд, ба ту чӣ мерасад?
– Чаро шуморо суд мекарданд?
– Барои он ки ту ҳанўз синну солат нарасидааст ва мо ба ивази он даҳ ҳазор доллар туро ба шавҳар додем.
– Магар барои ҳамин кор ҳам суд мекунанд? – худро ба нодонӣ зада гуфт духтар.
– Албатта.
– Ман надонистам.
– Вай марди ба хона омадаро даромадан намемондӣ, мегуфти модарам нест, чун биёяд, пас ба хона биёед.
– Ман аз куҷо медонистам, ки ў милиса аст.
– Милиса буд ё не, чӣ фарқ дошт? Дар шом даромадани марди бегона дар хонае, ки духтари қадрас танҳост, хуб нест.
Сабоҳат фаҳмид, ки модараш ба ғазаб омадааст. Аз ғазаби модар дида ғазабе сахттар нест, хонда буд дар куҷое.
Баҳри ба эътидол овардани мавзуи суҳбат ўро лозим буд, ки модарро ором созад.
– Очаҷон, наход гумон созӣ, ки ман бо марди бегона рози дил ифшо созам.
– Гуфтӣ вай милиса буд - ку?
– Милиса ҳам бошад, ман рози диламро ҳаргиз ба касе ифшо нахоҳам кард. Наход гумон созӣ, ки духтарат ақлашро хўрда бошад.
– Пас ба ў чӣ гуфтӣ?

пешина
аз 513
навбатӣ