Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Гуфтам, ки бо амри дил бо Солеҳ Ҷалил ишқварзӣ кардам ва дар батнам аз ў фарзанд дорам…
– Милиса ба суханонат бовар кард?
– Бовар кард ё не чӣ фарқ дорад? Аздусар маро барои ишқварзиам суд намекунанд. Куҷо буданд онҳо то ин вақт?
Чаро марди зангирро барои дузанагиаш ба маҳкама накашиданд? Нисбат ба ман бошад, қонун дасткӯтоҳ аст…
– Ин хел нагў бачам. Тавилаи давлат дароз аст. Агар онҳо хоҳанд, мўйро аз хамир ҷудо мекунанд. Боз ҳамсояҳо ҳастанд. Барои ба маҳкама кашидани ману падарат шоҳидии ҳамон кампири Мастура бас аст.
– Кампири Мастураро бо мо чӣ кор аст?
…
– Чаро хомўш шудед?
– Чӣ гўям?
– Дар бораи Мастура.
– Ҳарчанд худам аз ў бадие надидаам, вале аз миш - миши мардум медонам, ки Мастура замоне милиса будааст ва нисбат ба баъзе милисаҳои ҳозира ў бештар дар ҳимояи қонун аст.
– Хавотир нашав, очаҷон, бе аризаи ман коре карда намешавад. Дар ҳақиқат мўйро аз хамир ҷудо кардан дар замони дар қайди ҳаёт будани домодатон осонтар буд, вале ҳоло ин кор ғайриимкон аст.
– Чӣ хел?
– Агар домодатон ҳамин шабу рўз зинда мебуд, худи қонун новобаста аз аризаи ман ба дифоям мехест. Дар он сурат аз болои домодатон парвандаи ҷиноятӣ мекушоданд.
Албатта, ў низ баҳри дифои хеш гуноҳро ба гардани шумо бор караданӣ мешуд. Мегуфт, ки даҳ ҳазор доллар додам. Дар он сурат шумою дадаҷонамро барои гирифтани қалин ва домодатонро барои додани қалин ва издивоҷ ба духтари ноболиғ, ҳамчунон дузанагӣ ба маҳкама мекашиданд. Яъне, дар фироқи шумо агар як моддаи Кодекси ҷиноятӣ обу адо шуда бошад, дар фироқи худораҳматии домодатон се моддаи Кодекси мазкур оби чашм рехта истодааст…
– Гўш кун, ҳамаи инро ту аз куҷо фаҳмидӣ?
– Пул бошад, - ҷангалда шӯрбо.
– Не, бе шухӣ мегўям, тарзе гап мезанӣ, ки…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ