Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо ҳамдил бо кӣ бошанд? Ҳамдилонанду ба марги зердастон амр медиҳанд. Бо Солеҳ Ҷалил чӣ карданд?
Худоё, маро аз ин маҳфили хунхор нигаҳбон шав. Агар ҳамдилиаш ҳамин бошад, алҳазар аз чунин ҳамдилӣ!
Дар ниҳоди Даврон нисбати Гурдофарид Солеҳ Ҷалил тухми адоват кишта буд ва то ба ҷойе ин кишт чун мавҷи ғаллазорон аз насими рўзгорон дар алвонҷ буд. Ашки сари мижгони духтар ва он қатраҳои аз бари рухсор ҷоришудаи ў дар қалби Даврон пайкон зад. Зарба он қадар нишонрас буд, ки агар тарси шеф набудӣ, Даврон он зебосанам ба оғўш гирифтаю сару рухсори ў бўсаборон мекард.
Дили заъифу заъфарони духтар, ки саропо дард буд, дар қалби ҷавон туғёне барафканд. Аз ниҳодаш шамшери адолат берун ҷаста, баҳри дифои муҳаббат, ки рамзи зиндагист, теғи адолат бар решаи тухми адоват зад…
Инро сабаб чӣ буд, ў намедонист. Ба ҳар ҳол, ними дилаш ба духтар майл дошт ва бо ними дигараш, ки ўро аз ин роҳ боз доштан мехост, дар набард буд.
Чун ў худро дар чунин аҳвол дид, гузаштаи хеш ба ёд овард. Бубин, дар зиндагӣ ў ҳама чизро дошт. Дар замоне, ки давлат бо дин дар ду сангар буданд, ў аз ислом бохабар шуд ва дар деҳашон обрўи зиёде пайдо кард ва чун исломшиносон ба деҳ омаданд, ў ҳуқуқи хеш поймолшуда пиндошта, ба корҳое, ки худи шариати ислом мамнуъ эълон карда буд, даст зад. Пас деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр гашту худро чун мулло муаррифӣ кард. Мардум ба ў аз нав эҳтиром пайдо намуданд, вале гузаштаи хеш ба ёд наоварда, ба домони эътиқотманде, ки борои давои дарди хеш наздаш омада буд, дастдарозӣ кардан хост ва худро расвои маърака кард. Агар Солеҳ Ҷалил дар ҳамон лаҳза аз он манзил намегузашт ва ўро аз таъқиби мардуми ба шўромада халос намекард, ҳоло сабзаи гўраш…
Ў ҳамон вақт фикр накард, ки кўза як бору ду бор аз лаби об бе осеб бармегардад. Баъди ҳамаи ҳодисаҳои ба сараш омада, боз тақдири хеш бо «Ҳамдилон» пайвасту дар рехтани хуни садҳо нафар мустақиман шарик шуд. Ҳамаи ин кам буд, ки бо дасти хеш хуни наҷотдиҳандааш бирехт. Дар ҳамон лаҳза ҳам ў гузаштаи хеш ба ёд наовард ва бори овардаи Солеҳ Ҷалилро бурда пинҳон намуд.

пешина
аз 513
навбатӣ