Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мегўянд гузашта барои оянда пул аст ва ё кӯр чун як маротиба пешпо хӯрд, дуюмбора бо асояш пеши пояшро сопсоп1 мекунад, вале ў боре ҳам гузаштаи хеш ба ёд наовард.
Гузашта дарс аст ва ҳар кӣ аз он сабақе омўхт, пой дар гил намонад ва андешаи фардои хеш кунад. Ин дарсест, ки тактика ва стратегияи зиндагиро пешгўи мекунад, вале Даврон на аз гузашта сабақ омўхту на аз роҳи пешгирифтааш гашт.
Дар ҳама ҳолат маслиҳатчӣ ва машваратчии ў нафсаш буд. Чун нафс боло гирифт, ў низ афтону хезон аз қафои он гом зад…
Ин субҳ Лайлӣ на як, балки ду пайконеро дар қалби ў ҷо кард. Духтарро чун оби чашм дар бари рухсор ҷар шуд, заъифию нотавонии ўро ба Даврон муаррифӣ кард ва тири ҳассосе қалби ҷавон бишкофт ва ҳоло ҳам сарри ҳамин масъала ду нимаи дилаш бо ҳам дар набарданд…
Пайкони дуюм он суханони Лайлӣ буданд, ки дар бораи ба чӣ кор қодир будани шеф гап зад ва қалби Даврон он чунон фишурда шуд, ки гумон кард хунаш аз гардиш бозмонд, нафас гулӯгираш кард. Даврон дар ҳақиқат аз суханони Лайлӣ тарсид, вале дар назди ҷинси латиф, ки пайкони меҳрро дар дилаш ҷой карда буду акнун аз ў ёрию мадад мехост, худро бо азобе ба даст гирифта, обу рўйи хеш чун мард эмин дошт.
Чун ў боре ҳам гузаштаи хеш ба ёд наоварда, тақдири хеш бо «Ҳамдилон» пайвасту худро дар гирдоб монд, баҳри аз ин варта баромадан имшаб хеле андеша кард. Даврон ҳама ҳолатҳои рухдодаро бояд дар мизони ақл бармекашид, то боз пой бар лаби ҷарӣ наниҳад…
Ҳарчанд ў рўзномахон ҳам набуд, вале тайи чанд рўзи дар ин зиндони сангин будан як даста рўзномаҳои кўҳнаву фарсударо, ки болои ҷевон меистоданд, гирифта, як - як варақ зад. Дар яке аз рўзномаҳо ў ҳолномаи котиби дуюми КМ КПСС2 Михаил Сусловро хонд.
Ба чунин мансаби калон расидани Сусловро дар рўзнома чунин шарҳ дода буданд: Рӯзе набудаст, ки Михаил

1 Соп - соп - ба маънои палмосидан омадааст (лаҳҷа).
2 КПСС – Партияи коммунистии Иттифоқи Советӣ.

пешина
аз 513
навбатӣ