Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале то он лаҳза хеле вақт буд ва ба хотири дар хиҷолат намондани мусоҳибаш баробари дар хоначаҳои сканворд ҷо ба ҷо намуданд «Кодекси лестерӣ» ҳафтаномаро болои мизи кориаш гузошта, мавзуи суҳбатро ба тарафи дигар бурд…
Сорбони Ҳомид сардори ШКД – ро аз рафти воқеаҳо дар атрофи марги Солеҳ Ҷалил ҳушдор сохта, нақшаю чорабиниҳои тартибдодаашро, ки санҷиши иловагиро талаб мекарданд, баҳри тасдиқ рўи мизи кории Ҳамид Ҷовид гузошт…


Маҷрои пуртуғёни андешаҳо ўро аз як соҳил ба соҳили дигар мебурд. Ў кўшиши аз ҷой хестану чароғ афрўхтан накард, шояд гумон дошт, ки хоб ғалаба мекунаду лаҳзае фориғ мешавад, вале нашуд, ки нашуд.
Туғёни андешаҳои ботил дар торикӣ бошад ҳам, вайро ором нагузоштанд ва сафҳаҳои зиндагиномааш варақгардон шуданд…
Ў, ки баҳри нафси хеш “Камзӯлҳусайн” - ро пазируфту пушт бар китоби муқаддаси ислом гардонд, нохудои киштиеро мемонд, ки ҳангоми тӯфони сахт ба баҳр баромада буд. Чун киштӣ аз итоати нохудо баромад ва тақдири ҳамаро тӯфон ба дасти хеш гирифт, нохудо даст ба дуо бардошт ва аз Оллоҳтаоло баҳри хеш ва мусофирони дар киштӣ буда мадад хост… Шояд дуои нохудо он замон мустаҷоб шуду тӯфон бозистод ва киштию мусофирон то соҳил беосеб баргаштанд… Ин қиссаро ў борҳо аз забони пири бохтариаш шунида буд, вале…
Пираш ҳамеша таъкид мекард, ҳар кӣ боре ҳам рў ба китоби ҷоду, яъне “Камзӯлҳусайн” меорад, ҳафт пушти хешро ба дӯзах мекашад ва дунёю қиёмати худро месўзонад.
Суханони пираш тайи чанд рўз боз чун путк дар гўшаш садо медиҳанд ва ба қавле ўро дар ҳамин шаби тор ҳам осуда нагузоштанд. Мардумон рост гуфтаанд, ки худозада бошу арвоҳзада не, ва маҳз ҳама гуна бадбахтиҳои ба сараш омадаро аз ҳамин медид, чун рафтори ў, ки акнун ба хуни ноҳақ даст зада буд, ҳаминро тақозо мекард.

пешина
аз 513
навбатӣ