Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Нисбат ба оне ки хуни наҷотдиҳандаи хеш бирехт, ўро ғаме ҳам набуд, чунки амри болоро ба ҷо овард. Саркашӣ аз амр бошад, ин маънои аз ҷони хеш даст шустанро дошт. Ў ҳам акнун мисли аскари дар набард аст ва кадом аскар бар хилофи амри генерал баромадааст. Хуни Солеҳ Ҷалил аслан дар зиммаи шефи «Ҳамдилон» мемонад ва ў ҳамааш шуда, иҷрочии амри шеф шуд. Байни шеф ва Солеҳ Ҷалил кадом гурбаи сиёҳ гузашт, ў намедонад ва донистан ҳам намехоҳад.
Аз нақли онрўзаи ёвари шеф ҳамин қадар фаҳмид, ки Солеҳ Ҷалил нияти ба милиса рафта, ба гуноҳи хеш иқрор шудан дорад ва боло барои таъмини бехатарии дигар аъзои «Ҳамдилон» маҷбур шудаст, ки ба чунин амал даст занад.
Агар ў аз амр сар мепечид, дигар кас амрро ба ҷо меовард ва эҳтимол хуни оне ки аз иҷрои амр сар печида буд, низ мерехт.
Ғами ўро сабаб дигар буд. Ин ҳам бошад дар мавзеи Хушкакдараи хоҷагии «Ҳосилот» - и ноҳияи Гулобод пинҳон кардани даҳ килограмм бори овардаи Солеҳ Ҷалил ва инкор шудан аз он бор.
Дар он шаби 22 ба 23 август ў чун борро гирифт ва бо Солеҳ Ҷалил хайрухуш кард, аз зери алафҳои пайроҳа Калашникови пинҳоннамударо бардошт ва қулангро зер кард. Солеҳ Ҷалил, ки ҳамагӣ понздаҳ - бист қадам аз ў дуртар рафта буд, дод гуфта, ба замин афтид, вале садои ў дар нисбати садои Калашников ҳеҷ буд. Сипас, ў ҳамон хел автомат дар даст ба болои сари Солеҳ Ҷалил рафт, вале дигар ў на муҳтоҷи тир буду на муҳтоҷи ёрӣ. Ӯ пас гашт ва халтаи бор бо худ гирифт ва онро баъди панҷсад - шашсад метр аз ҷойи ҳодиса дур шудан таги харсанги калоне, ки борҳо таги он омадани хаткашонро интизор шуда буд, пинҳон кард ва сӯрохии харсангро бо санг ва алафҳои хушк пўшонид.
Аз он чи ки дар торикӣ тири аввалини аз камон ҷаста ба Солеҳ расид, инро қазои рӯзи буди маҳрум донист. Маҳз ҳамин нуқта дар дини мубини ислом оварда шудааст, ки роҳи қазоро касе гирифта наметавонад.
Ў дар торикӣ аз талу теппаҳо гузашта, каме ба тарафи ғарб ҳаракат кард ва рўи роҳи калон баромада сигор даргиронд. Аслан, ин рамзе буд, ки бояд Лайлӣ ўро медид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё