Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бале. Бесабаб ба ў тахаллуси “Гурдофарид” надодаанд ва нисбат ба ҳамаи мо дида, ў ба шеф наздиктар аст. Дар ҳама ҳолат фаромўш накун, ки сухани Лайлӣ қувваи ҳалкунанда доранд ва иҷро накардани амри ў ин рў тофтан аз фармони болост. Он тарафашро худат медонӣ, ки сар печидан аз амрро чӣ подошест. Рафту агар Лайлӣ аз болои кадоме аз мо ба шеф шикоят кунад, ба гумон аст, ки мо сари хеш амон барем...
Тахминан ду моҳ пас аз ҳамин суҳбат, аниқтараш дар нимаи дуюми рўзи 22 август, Лайлӣ амри болоро ба гўши ў расонд. Ў ҳатто аз тарси ҷони хеш муқовимате нисбат ба ин амр накард. Ҳатто нагуфт, ки Солеҳ Ҷалил дар кадом ҳолат ўро даст гирифт ва ҳеҷ гоҳ бар ивази некиҳои ҷавонмард бадӣ нахоҳад кард. Чун ў розигии хеш баҳри аз байн бардоштани Солеҳ Ҷалил дод, Лайлӣ таъин кард, ки бо фарорасии шом ба роҳ мебароянд. Ў дар ҷойи таъиншуда духтарро интизор шуд ва соатҳои бисту се Лайлӣ ўро дар даромадгоҳи кўҳдомани Хушкакдара аз мошин фароварда, автомати АКСУ - ро бо як тирдони пур аз тир ба дасташ дода, бори дигар амри болоро гўшрас намуда, барояш барори кор хост ва гуфт, ки соатҳои яки шаб баҳри бурданаш ба ҳамин мавзеъ меояд ва ба дасташ ҳамчунин гӯгирдеро дод, ки ҳангоми ба роҳи калон баромаданаш онро даргиронад. Ин рамзи вохўрии шабона аст. Лаҳзае пас «Мерседес» Лайлӣро ба тарафи шарқ бурд ва ў дар оғўши торикӣ аз пайроҳаҳои шинос ба тарафи ҷануб ба самти Хушкакдара ҳаракат кард...
Тайи ин чанд рўз байни чор девори бетонӣ ў чандин маротиба Лайлиро, ки баҳраш як ҷаҳони пурасрор буд, пеши назар овард. Бо ҳама илму амалаш то ба имрўз ў дар бораи Лайлӣ маълумоте надошт. Намедонист, ки он духтари зебою танноз бистари киро гарм мекунад.
Болои бистари мулоим сари аз фикру андеша ба дард омадаашро бо ҳарду дасташ дошт ва чун торикӣ ба қалби пурдардаш пайваста пайкон мезад, маҷбур шуд, ки аз ҷой бархезад ва баробари пахш кардани тугмачаи барқ чашмони ба торикӣ одат намудаашро аз рӯшноӣ бо ҳарду панҷааш ҳифз намуд. Нигоҳаш ба соати калони болои дар бархӯрд ва фаҳмид, ки то ба субҳ боз се-чор соат вақти дигар аст, вале ў чароғро хомўш накард. Ҳамон хел дар рӯшноӣ худро болои бистар партофт ва нисбат ба духтаре, ки амри болоро баҳраш оварда буд, ба андеша фурӯ рафт…

пешина
аз 513
навбатӣ