Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҳ, дилаш чи қадар мехост, ки дар чунин лаҳзаҳо Лайлӣ дар паҳлуяш бошад ва ў аз ёлаҳои гулбадан лолаҳо чинад, вале ин ҳама хобу хаёл буд ва ба духтаре чун Лайлӣ, ки бо шеф наздик аст, рози дил кардан осон набуд…


Ба дерии вақт нигоҳ накарда, лейтенанти милиса Гурезов баъди гуфтугўи телефонӣ бо Ҳамид Ҷовид ба роҳ баромад.
Соате дар истгоҳ мунтазири омадани мошини роҳгузаре истод, вале ба назар чунин менамуд, ки роҳи Гулобод бастаанду касеро майли ба он минтақаи кўҳистон рафтан нест. Гурезов худро таскин ба он медод, ки дер ё зуд мошине ба ҳамон самт азми сафар хоҳад кард.
Аз чӣ бошад, ки симои мўйсафед Ҷалил Барот ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд ва дилу бедилон ў нақли пурсўзу гудози мўйсафедро ба ёд овард.
– Гуфтӣ, ки аз милисаӣ? - чашмони фурурафтаву обрави хешро бо дастрўймол тоза карда ба тарафи ў нигарист мўйсафед ва лейтенанти милиса, ки дар либоси ғайринизомӣ буд, маҷбур шуд шаҳодатномаи хизматии хешро бароварда нишон диҳад. Мўйсафед аз кисааш айнак бароварда, ба чашм гузошт ва ба он шаҳодатнома хеле зеҳн монд. Чун ба ҳақиқӣ будани он боварӣ ҳосил кард, онро ба дасти соҳибаш дода, ҳатто гунаҳкорона узр пурсид.
– Бубахш, бачам, тайи ду - се рўзи охир он қадар даъвогарон зиёд шуданд, ки дигар сару калобаамонро ҳам гум кардаем.
– Чӣ хел даъвогарон?
– Даъвогар чӣ хел мешавад? Рост ё дурўғ, акнун ҳар нафаре, ки боре дар чорсўи зиндагӣ бо худораҳматии Солеҳҷон рў ба рў омадааст, имрўз даъвое дорад.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам бобо, равшантар карда гап занед,
– хоҳиш кард милиса.
– Рўзи гузашта, ана дар ҳамин вақту соат, ба ин ҷо духтараке ташриф овард ва маро бовар кунониданӣ шуд, ки келинам мешавад ва дар батнаш аз Солеҳҷон кўдаки шашмоҳа дорад. Ба ростӣ, ман чӣ гуфтанама надонистам.
Охир аз даҳони он духтарак бўи шир меомад ва чаро ў ҳама гуна шарму ҳаёро пеши по зада, ба ин ҷо омад?

пешина
аз 513
навбатӣ