Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шумо чикора?
– Милиса.
– Ҳамроҳи Ҳамид Ҷовид кор мекунам гўй.
– Он кас сардори мо, шумо ўро аз куҷо мешиносед, охир вай гулободӣ набошад?
– Мо чанд сол дар шаҳр ҳамсоя будем ва бояд гўям, ки Ҳамид Ҷовид ҷони одам аст. Хафа нашавед, шояд дар милиса чунин нафароне мисли ў ангуштшумор бошанд.
– Баҳс намекунам.
– Инро ман на баҳри он гуфтам, ки шумо ба гўшаш расонед. Агар ҳамроҳаш кор кунед, бояд донед, ки Ҳамид Ҷовид шахсони хушомадгўю тамаъҷўйро чашми дидан надорад. Ман боварӣ дорам, ки Ҳомид Ҷовид дар умраш аз касе пора гирифтагӣ нест ва ба касе ҳам пора надодааст, чунин фардҳоро дар шароити имрўза ёфтан ниҳоят душвор…
Гурезов чизе нагуфт ва чун ронанда дид, ки ҳамсафараш майли суҳбат надорад, ўро ба ҳоли худ гузошт…
Дирўз ў ба хонаи Солеҳ Ҷалил ҳам рафт ва ҳамсари қонунии маҳрумро низ дид. Чун он зан фаҳмид, ки ў корманди милиса аст, гуфт.
-Барои ман фарқ надорад, ки шумо қотили Солеҳро ёфтед ё не, илтимос ману фарзандонамро ба ҳоли худ гузоред. Мо кайҳо, чандин сол пеш ўро аз диламон берун кардаем ва имрўз ҳоҷат ба он нест, ки аз нав азо гирем.
– Офарин ба чунин дил! - гуфт Гурезов. Кинояи ўро шунида, бевазан шӯрида рафт, чунон шӯру мағал бардошт, ки... Гурезов ҳам он замон дар вазифаи хизматӣ буданашро фаромуш карда, он зани беандешаро ба ҷояш шинонд ва аз санҷаи дари хона паст гашт. Ҳақ ба ҷониби мўйсафед Ҷалил Барот будааст. Магар мўйсафед метавонист, ки дар кулбаи писараш ҳамроҳи чунин зани шаттоҳ зиндагӣ намояд. Дили лейтананти милиса ба ҳоли маҳрум ҳам сўхт ва ў ҳарчанд кўшид, ки Солеҳ Ҷалил чӣ тавр чунин зани беандешаро ба занӣ гирифтааст, ба саволи хеш ҷавоб наёфт. Ҳарчанд ў фарзандони маҳрумро надид, вале сухани мардумро ки «бо моҳ шинӣ - моҳ шавӣ, бо дег шинӣ - сиёҳ шавӣ» - ро ба ёд овард ва ба хулосае омад, ки надидани фарзандони маҳрум беҳтар шуд…

пешина
аз 513
навбатӣ