Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пурсидам, ки чандсолаӣ? Гуфт: “Ба наздикӣ ҳабдаҳсола мешавам.” Ба наздикӣ ҳабдаҳсола мешудаасту аллакай дар батнаш кўдаки шашмоҳа доштааст. Ақли одамӣ намегирад. Аҷаб замонае шудааст, дигар шарму ҳаё ҳам дар духтарҳо намондааст, вагарна кӣ дидааст, ки духтари шонздаҳсола бо марди чилсолаи фарзандору оиладор ишқварзӣ кунад… Ман намефаҳмам, ки фардо падару модари он духтарак чӣ тавр дар байни мардум мегарданд, ё гумон доранд, ки ин ҷо Аврупосту касеро парвои касе нест.
– Ҳамсару фарзандони худораҳматӣ дар куҷоянд ва чаро шумо ба ҷойи дар хонаи писаратон истодан ба хонаи бародаратон омадед? – ниҳоят худро ба даст гирифта пурсид Гурезов.
– Ин таърихи дароз аст ва ман ба ёд овардани онро намехоҳам. Ба ҳар ҳол ҳаминро мегўям, ки келин ҳам моҳи беайб нест, вагарна наход мард се фарзандашро партофта, ёди онҳо накунад. Чун Солеҳҷон дигар ёди зану фарзандонаш накард, ман ба хонаи бародар омаданро алвотар донистам.
Ҳарчанд Гурезов дар корҳои тафтишотӣ таҷрибаи кофӣ надошт, вале дарсе аз рўзгор гирифта буд ва нахост, ки бо сав олҳои хеш ба ҷароҳатҳои дили мўйсафед намак пошад…
Аз дур мошини калони боркаше ба ҳамин самт тоб хўрд ва лейтенанти милиса барои манъ кардани он даст бардошт.
КАМАЗ чил - панҷоҳ метр аз ў гузашта, ба тарафи рости роҳ рафта бозистод.
– То Гулобод рафтанӣ бошад, марҳамат, - гуфт ронанда ва аз се – чор нафари дар рўи роҳ буда танҳо ў номи Гулободро шунида ба тарафи мошин ҳаракат кард. Бо як чолокие худро дохили кабина гирифт ва ронанда КАМАЗРО ба роҳ даровард.
– То Гулобод меравед? – ниҳоят хомўширо вайрон карда гуфт ронанда ва аз талаффузаш мусофир фаҳмид, ки ронанда гулободист. Умуман, дар тамоми Тоҷикистон чандин минтақаҳое ҳастанд, ки лахҷаи хешро доранд ва гулободиҳо ҳам истисно нестанд.
– Ҳа, то Гулобод.
–Ман шуморо нашинохтам, – хандида гуфт ронанда ва пурсид, ки “шояд ба меҳмони рафта истодаед?” – Не, ман ҳамон ҷо кор мекунам.

пешина
аз 513
навбатӣ