Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чӣ бошад, ки Лайлӣ чанд маротиба тайёр будани хешро барои дар никоҳи Солеҳ Ҷалил даромадан иброз намуд, вале роҳбари маҳфил зану фарзанд доштани хешро баҳона карда, корро ба таъхир меандохт. Новобаста аз ин, Лайлӣ аз ў дил канда наметавонист ва дар амалиёти хавфноку ҷинояткорона Солеҳ Ҷалилро даст гирифт. Ҳарчанд ў дар назди Солеҳ Ҷалил уҳдадорие надошт, вале ҳеҷ гоҳ ба ў хиёнат накард ва меҳри марди дигареро дар дил ҷой надод.
Солеҳ Ҷалил бошад, баръакс баъзе шабҳо роҳи кулбаи ўро фаромўш мекард. Як моҳ пеш ў аз дур дар назди меҳмонхонаи «Душанбе» Солеҳ Ҷалилро ҳамроҳи духтараке дид, ки аз сад гулаш як гулаш нашукуфта ва аз эҳтимол дур набуд, ки ўро низ аз тарабхона ба ҳуҷраи меҳмонхона набурда бошад.
Чун вақтҳои охир Солеҳ Ҷалил дар хобаш “Сабо, Сабоҷон” - гўён ҳазён мегуфт, Лайлӣ фаҳмид: дур нест он рўзе, ки якбора ўро тарк накунад. Лайлӣ дар ҳайрат буд, ки чӣ тавр марди дар ҷустуҷўи милиса қарордошта беибо ҳамроҳи духтараки шонздаҳ - ҳабдаҳсола ба тарабхона меравад.
Лайлӣ дар оина зери чашмони хеш ожангҳо дид ва дилаш ларзид. Воқеаҳои рўзҳои охир намешуд, ў боз соате пеши оина нишаста бо кремҳои хориҷӣ симои зоҳирии хеш оро медод, то дигар касе ғуборе дар таровати он рўйи зебо набинад…
Занги телефон садо дод. Ӯ аз пеши оина дур шуд ва телефони мобилии хешро, ки ҳанўз рўи бистари ноғундоштааш паҳлуи болишт буд, бардошт. Мусоҳибашро гўш карда: “Омада наметавонам” гуфт ва гуфтугӯро қатъ намуда, бистари хобашро ба тартиб овард. Чанд сол боз Лайлӣ соҳиби телефони мобилист ва мусоҳиби ҳамешагии ў Солеҳ, ки телефонро чун ҳама дигар молу мулкаш баҳраш тақдим намуда буд, ҳисоб меёфт. Худи Солеҳ низ лаҳзае аз телефон дил канданӣ надошт, ба ҷуз он рўзҳое, ки ў баҳри овардани бор ба соҳили Ому мерафт. Пеш аз сафари охиринаш ҳам ў телефонашро ба дасти Лайлӣ дод ва афсўс бар он хўрд, ки дар минтақаи Гулобод то соҳили Ому “Тоҷиктел” спутник надорад ва бурдани телефон ба ҷуз бори гарон дигар чизе нест.

пешина
аз 513
навбатӣ