Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Лайлӣ ўро то ба ҳамон нуқтаи муайяншуда бурд ва ҳарду таърих ва омадани шефро муҳокима карданд. Ва ҳалқаи дастони Солеҳ аз камари духтар бо як бўсаи ширин ҷудо шуд.
– Худатро эҳтиёт намо, – гуфт Лайлӣ ва Солеҳ аз рўйи роҳ ба тарафи поён, ё дурустараш ба самти ҷануб, ба пайроҳаи мавзеи Хушкакдара ҳаракат кард…
Ў ҳеҷ нафаҳмид, ки дар ин субҳи солеҳон Моҳрў чаро занг зад ва вайро ба куҷо бурданӣ буд. Бубин, Моҳрӯ ҳамеша ҳаваси зиндагии ман мехўрд ва имрўз бошад тасаллодиҳандаи ин дили бемор гаштанист. Ҳеҷ боварам намеояд, ки ин дафъа Солеҳ аз соҳили Ому бе бор баргашта бошад, зери лаб ғунгос зад ў ва лаънат ба “Тоҷиктел” гуфт, ки дар ҳамон минтақаи стратегӣ спутники хешро надорад. Агар телефон кор мекард, ў ҳар қадами Солеҳ Ҷалилро ба зери назорат мегирифт ва акнун ҳоҷат ба майна об кардан ҳам набуд, ки оё аз сафари охирин Солеҳ бе дастовез омада буд ё на. Маҳз телефони Моҳрў асос бар он шуд, ки Лайлӣ сари масъалаи овардани бор андеша намояд…
“Шахсе, ки боло ба қатлаш амр дод, ин дафъа бе дастовез омада буд,” - ба ёд овард суханони Давронро. Ин чанд рўз ў Давронро ба гўшаи фаромушӣ дода буд. Ба гўшаи фаромушӣ ҳам не, ҳамин хел вақт нашуд, ки вай аз ҳоли он муллои ҷодугар хабар гирад. Даврон, ки чун бало аз маҳфили «Ҳамдилон» метарсад, ба гумон аст, ки тайи ин рўзҳо ўро интизор нашуда бошад. Ба ҳар ҳол ҳаминаш беҳтар шуд, ки он яроқро ба соҳибаш баргардонд. Бубин, чӣ хел нархи гарон
- як шабонарўзаш сад доллар, як тираш панҷ доллар. Аслан барои он марди қоқи дароз фарқе надоштааст, ки муштарӣ автоматро ба кадом мақсад истифода мебарад. Ана, бизнес ва боз чӣ хел бизнес! Гӯр сўзаду дег ҷўшад. “Эй хонаат сўзад ту барин мардро!”-Ин суханро ҳарчанд зери лаб оҳистаю ношунаво гуфт, вале шармаш омад. Охир магар он кирдоре, ки ў ва Солеҳ Ҷалил пеша карда буданд, боиси ифтихор буд?
Магар ин ҳама давлату савлат аз меҳнати ҳалол ба даст омадааст? Тайи ин ду - се соли охир ў ду мошинро иваз кард.
Аз кадом ҳисоб? Ҳамааш аз ҳисоби маводи мухаддир, аз маводе, ки ҳазорон нафарро ба доми марг тела додаву боз ҳамин миқдор ва ё зиёдтар мубталои касалии нашъамандӣ гашта…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё