Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, рафиқ капитан.
– Хуш, боз чӣ иловае доред?
Гурезов лаҳзае ба тарафи мусоҳибаш нигарист. Нигоҳаш гӯё мепурсид: магар ин ҳама коғазбозиҳо кам буд?
– Гап зан. Охир на ҳама гапу калочаро рўи лисон овардан мумкин аст.
Лейтенанти ҷавон ҳамаи он дастовардҳои хешро, ки аз протоколи расмӣ берун монда буд, бо баёни нуқтаи назари хеш иброз намуд.
Суханронии шогирд симои мўйсафеди аламзада Ҷалил Барот ва келини худобехабараш Сорои Қаландарро, ки фарзандонашро ба муқобили падару бобояш шӯронида, ҳатто дар рўзи видоъ на худ ва на фарзандонаш дар ҷаноза иштирок накарданд, ҳолати ногувори Сабоҳати Маҳмад, ки ҳанўз ба ҳабдаҳ нарасида, дар батнаш тифли шашмоҳа дорад, чун навори филми бадеӣ пеши назари Сорбони Ҳомид овард.
Капитани милиса Сорбони Ҳомид баъди суханронии шогирд ҳам ҳеҷ талоши баҳо додан ба амали иштирокчиёни саҳнаи мазкур накард, чунки ў мефаҳмид, ки тафтишот боз сари ин масъала хоҳад баргашт. Баҳо додан бошад, ин танҳо ҳуқуқи суд буд ва оне, ки бо сабабе аз ҳукми суд берун мемонад, бигузор ҷазои хеш аз Худованд бигирад. Мўйсафед нисбат ба келинаш Сорои Қаландар рост гуфтааст, ки “ҳаволаи бад ба Худо.” Сорбони Ҳомид сад дар сад тарафдори мўйсафед буд ва куҷост доваре бузургтар ба ҷуз Парвардигори раҳмон?
Ҳар он чӣ ки шогирд аз забони Ҷалили Барот шунида буд, бе ягон муболиғаю тасвири бадеӣ ба гўши устод расонд ва назари ўро донистан хост.
Сорбони Ҳомид дар ҷавоб ба саволи шогирд дармонд. Ў намедонист чӣ гўяд. Охир худаш бо Ҷалил Барот суҳбат накарда бошад. Тайи чанд рўз ин бори дуюм буд, ки ў дар бораи Ҷалил Барот маълумот гирифт. Бори аввал дар утоқи кории муфаттиши прокуратура Самадов, бори дуюм аз ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Гурезов. Дар суҳбати бо Самадов дошта, мўйсафед гила аз писари маҳрумаш намудааст, ки занбози гузаро буд. Дар суҳбати дуюм бо Гурезов ў рафтори келини худобехабараш Сорои Қаландарро ба Офаридгор ҳавола кардааст. Ба замми ин рафтори Сабоҳати Маҳмадро низ ба шаъни зани тоҷик мисли доғ арзёбӣ намудааст.

пешина
аз 513
навбатӣ