Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Лайлӣ фаҳмид, ки ин фикрҳо ҳама беасосанд ва агар бозори нашъаҷаллобон набудӣ, ба гумон буд, ки ў як духтари деҳотӣ соҳиби чунин ҷою ҷалол шавад. Эй кош, ин бозор ҳамеша обод монад ва дасти сахояш ба сари мо бандагони осиаш бирасад!
Лайлиро танҳо як фикр азоб медод, ин ҳам бе дастовез баргаштани Солеҳ Ҷалил, вале айб дар ош буд ё дар мош, ҳоло барои Лайлӣ муаммо буд.
Тайи шаш – ҳафт соли охир Лайлӣ дар обу оташи зиндагӣ пухта расида буд ва ин оташ ҳарчанд аз фитнаю дурўғ сарчашма мегирифт, ёвари шеф - ро водор месохт, ба ёд биёрад, ки боре ҳам Солеҳ Ҷалил аз соҳили Ому бе бор гашта буд ё на. Ў ҳар қадар фикр кард, чунин ҳодисаро ба ёд оварда натавонист. Қарор дод, ки ҳар чӣ ҳам бошад, аз номи худи шеф як маротиба он муллои ҷодугарро афшонад.
Бо ҳамин ният ў пероҳан ба бар карда, аз хона баромад…
Сорбони Ҳомид чун кӯлвори шогирд такурў намуд, новобаста аз баъзе камбудию норасоиҳояш, бозёфте дар он дид. Ҳаракатҳои аввалини шогирд парвози уқобро мемонд, ки бо талошҳои хеш азми ба қулла баромадан дошт. Парвози аввалини ин сарчашмаи ҳамаи парвозҳои минбаъдаи уқоб дар роҳи фатҳи қуллаҳои баландтарин буда, далериро дар вуҷуди ин парандаи тезчангол бедор мекунад. “Уқобро парвоз уқоб намудааст,” - ба ёд овард капитани милиса суханони нисбати Гурезов гуфтаи хешро дар ҳузури Ҳамид Ҷовид. Натиҷаи аввалини кори шогирд боиси таҳсин буд, вале Сорбони Ҳомид чун худ таърифро хуш надошт, коғазҳоро бо як тартиби муайян болои ҳам чида, ба дасти шогирд дода гуфт:
– Бад не?
Гурезов, ки то ба ин лаҳза сари мизи кориаш хомўш менишаст, аз баҳои додаи устод каме дар шигифт монд.
Умуман, чунин баҳо дар дунё вуҷуд надошт ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ низ чун ҳама ҳамватанони хеш ба баҳои панҷбалла одат карда буд.
– Ҳамааш ҳамин?– гуфтани устод шогирдро аз вартаи андешаҳои минбаъда берун овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё